Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман аллакай ақидаи хешро дар ин бора ба шумо гуфта додам.
– Тайи ин ду шабонарўз ман низ сари ҳамин масъала хело андеша намудам ва то ҷойе тарафдори ақидаи шумоям.
– Яъне мо бояд аз рўйи фактҳои дар мақолаи мазкур нишондодашуда парвандаи ҷиноӣ оғоз намоем?
– Бале.
– Чун ман дар ин бора ду рўз пештар фикру ақидаи хеш гуфта будам, дигар чӣ ҳам метавонам гуфт.
– Ҳисоб намо, ки банда низ бо шумо ҳамақида ҳастам.
– Амри шуморо қабул намудам.
– Метавонед бо шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ РКД ҳамкорӣ намоед.
– Чӣ магар ҳамкорӣ бо милисаи ноҳияи худамон басанда нест?
– Субҳи дирўз мақолаи мазкур мавриди муҳокимаи ҷаласаи ҳукумат қарор доштааст. Прокурори генералӣ дар ҷаласа изҳор намудааст, ки прокуратураи ноҳияи Сарчашма дар атрофи мақола санҷиш гузаронида истодааст. Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бошад санҷиши мақоларо ба раёсати шаҳрӣ вогузоштаанд. Хуб мешуд, ки пеш аз оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ як маротиба ба назди сардори ин раёсат медаромадед.
– Метавонед осуда бошед.
– Ҳа, дарвоқеъ суҳбатро бо муаллифи мақола аз ёд набарор.
– Ҳа, албатта.
– Қариб, ки фаромўш намудам. Дирўз бегоҳӣ Ситора гуфт, ки маводҳои ҳодисаи таркиш дар кўчаи Н. Қарабоевро ҳам ба унвони идораи мо ирсол намудаанд.
– Дар суханони котиба заррае муболиға нест.
– Чӣ хел?
– Ҳодисаҳои рўзҳои охир худ далели онанд, ки куштор дар бинои 25/4 кўчаи Хуросон, аз хона баромада рафтани Ёсуман Набот ва таркиш дар кўчаи Н. Қарабоев ҳама ҳалқаҳои як шаддаанд.
– Далел?
– Далелҳо дар дафтари кории ман, вале шуморо ташвиш додан нахостем.

пешина
аз 558
навбатӣ