Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ақрабаки соат ба бисту чор наздик мешуд ва дар чунин ҳолат занг задан ин беақлии маҳз буд. Ў ҳарчанд дар байни рўзномаҳои дафтари кориаш буда ҳамон рўзномаи «Айём»– ро ҷўё шуд, вале онро пайдо карда натавонист. Ниҳоят, ў ба хонаи шафати дафтари кориаш даромада, ҷисми афгори хешро болои кати мулоим партофта, чашмонашро пўшид…
... 38 …
Фирдавси Ҳаким сари субҳ ба беморхонаи шаҳрӣ даромада, аз аҳволи Асад Ғанӣ хабар гирифт.
Ў аслан дар нимаи дуюми рўз омаданӣ буд, вале дирўз бегоҳӣ Ситораи Қурбон ба хонаашон занг зада хабар дод, ки шеф ўро дидан мехоҳад. Маҳз ҳамин занги телефонӣ сабаб шуду муфаттиш сараввал ба айёдати прокурори бемор рафт.
Тайи ин ду рўз чашмони Асад Ғанӣ хело коҳида буд, вале муфаттиш дар ин бора чизе напурсид. «Ранг бину ҳол пурс гуфтаанд» ва ҳаминаш намерасид, ки ўро аз ҳоли дилаш огоҳ намояд. Баҳри тасаллияти дили бемор гуфт:
– Шеф, ба фикрам имрўз таъбатон болида аст?
– Аз куҷо гирифтӣ?
– Аз нигоҳатон.
– Тамоми шаб мижа таҳ накардаам.
– Ситора Қурбоновна дишаб занг зада…
– Ҳа, ман худам супориш дода будам, ки ба шумо занг занад.
– Гўшам ба шумо шеф.
– Худи ҳамон рўз ман хостам ёрдамчӣ Бековро ба он кор ҷалб намоям..
– Ба кадом кор?
– Дар бораи санҷиши ҳамон мақолаи дар рўзномаи «Айём»
чопшуда.
– Баъд чӣ шуд?
– Ман ба хулосае омадам ва акнун итминони комил дорам, ки касе аз шумо дида ба масъалаи мазкур равшании беҳтаре дода наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ