Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин ҳолат худ як имконияти бузурге шуд баҳри дар соя мондани вай. Ин анҷоми неки кор буд, вале тарафи дигари танга тақозо мекард, ки бахшҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки худи вай сарпарасти онҳо буд, бо муаллифи мақолаи «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…» рў ба рў истода, аз болои ҳама қасру кушкҳои кўчаи Баҳор парда бардоранд…
– Ман розӣ.
– Худи ҳозир нақшаю чорабиниҳоро дар ин бора тартиб диҳед!
– Итоат.
– Акнун аз пайи кор шавед.
– Хуб шудааст,– гўён Ҳотам Илёс аз дафтари кории сардори раёсат баромад.
Ў аз зинаҳо сари андешаҳои хеш оҳиста – оҳиста ба поён фаромад ва афсўс бар он хўрд, ки падархондаш Бурҳон Сафар ду моҳ пештар ба истеъфо рафт. Дар замони сарварии раёсатро ба дўш доштани Бурҳон Сафар Ҳотам Илёс шахси дуюм дар ин дарбор ҳисоб мешуд, ҳарчанд ў ҳамон замон ҳам муовин буд.
Бурҳон Сафар кўшишҳои зиёде ба харҷ дод, ки писархондашро ба курсии аввали раёсат биёрад, вале ҳукумат қадри хешро, ки намояндаи вазорат дар яке аз мамлакатҳои собиқ иттиҳод кор мекард, ба ин вазифа таъин намуд ва моҳе пештар ба ў унвони генералиро доданд. Дигар чӣ ҳам мегуфт генерали ба истеъфо рафтаистода. Гап зану қандата хур, барои гап задан дасту дили пок доштан лозим, вале Бурҳон Сафар аз ин қабил шахсиятҳо набуд. То андозае тавонист писархондашро даст гирифт, писархондаш ҳам дарди дили генералро фаҳмиду то кунун бо ў муносибати хуб дорад. Шояд ба хотири генерали ба истеъфо рафта бошад, ки сардори нави райсат баъди ба курсии мансаб омадан ҳам ба вай даст нарасонд, ҳол он ки имконияти пура дошт, ки ўро низ мисли ду муовини дигараш иваз намояд. Чун синну соли сардори нав ҳам аз шаст гузашта буд, баъзан ҳамкорон ўро «последний из Магикан» мегуфтанд…
Баробари ворид шудан ба дафтари корӣ ў ҷисми хешро ба курсӣ партофта, оҳи сабуке кашид. Сараввал хост ба Бурҳон Сафар занг зада, ўро бо рафти воқеаҳо шинос намояд, вале чашмаш ба соат бархўрду ҳамоно аз райъаш гашт.

пешина
аз 558
навбатӣ