Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чизеро нафаҳмидаам.
– Ба ақидаи мо Насим ёвар ва ё худ дасти рости қотил буда, Сарвинозро ҳам риштае бо қотил мепайвастааст. Истед, ки шумо соати чанд ба Сарвиноз гуфтугў намудед?
– Соати 2005 дақиқа.
– Бо кадом телефон?
– Бо телефони хонаашон.
– Бубинед баъди якуним соат ў дар дигар самти шаҳр ба садамаи автомобилӣ, ки таркиш сабабаш буд, гирифтор шуд.
– Шояд ў бо даъвати Насим аз хона баромадааст?
– Не, Насим ҳам чун ў ба фиреби қотил гирифтор шудааст.
Дурустараш қотил ҳардуро дар як вақту соат бо ҳам рў ба рў намудааст…
– Чӣ магар роҳи дигари бартараф кардани онҳо дар алоҳидагӣ набудааст?
– Роҳҳои аз байн бардоштани шоҳидон хело зиёданд, вале худи вақт ба ин имконият надодааст.
– Ин ҷо вақт чӣ дахл дорад?
– Рафту агар шумо ўро огоҳ намекардед, субҳи дирўз мо Сарвинозро аздусар пайдо намуда мепурсидем, чунки хабареро худи ў ба гўши нафаре расонида буд. Чун ўро дастгир мекардем, хоҳу нохоҳ ҳамаашро қоил мешуд. Маҳз барои ҳамин Сарвиноз ба қотил занг зада, аз ў маслиҳат пурсидааст ва дуюми дар навбати худ ўро ба вохўрӣ таклиф намудааст, то роҳу равиши пурсишро фаҳмонда диҳад ва сипас ҳардуро якҷоя аз байн бардоштааст, зеро Насим ҳам аз кирдорҳои пасипардагии қотил бохабар будааст.
– Ва шумо кӣ будани қотилро медонед?
– Ҳоло не.
– Гумон доред, ки ман дар бораи вай хабар дорам?
– Агар шумо хабар дошта бошеду сирро аз мо нуҳуфта доред, ин танҳо бар зарари худи шумост.
– Чаро бар зарари ман будааст?
– Чунки қотил дигар аз ягон чиз рўйи намегардонад, ҳа, ҳа, бовар намоед, акнун қотили мо мегуфтагӣ аз Заҳҳок камӣ надорад ва барои амон мондани сари бемағзи хеш тайёр аст, ки даҳҳо нафарро қурбон созад.

пешина
аз 558
навбатӣ