Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Рафту Насим фаҳмад, ки мо роздони якдигарем, пас чӣ мешавад, изҳори нигаронӣ кард духтар.
– Ту тарзе рафтор намо, ки ў нафаҳмад, барои ман бошад як лаҳза ҳам дидани ҷамоли зебоят басанда аст.
– Зинда бошӣ, – гоҳ – гоҳ ҳамин хел хандида бигуфт Сарвиноз.
– Қурбони ту шавам, ки ошиқи пиратро дар як сухан мефаҳмӣ.
– Майлаш, ман меоям.
– Чао,– гўён Ҳотам Илёс гўшакро ба ҷояш гузошт. Акнун ў дар нимароҳ буд ва чун нисфи дигари роҳро ҳам тай кардан лозим буд, афсўс хурд, ки дар вақташ ягон маводи таркандаи дистансиониро барои рўзи мабодо, дар ягон ҷо пинҳон накард, вале ҳамоно чизе ба ёдаш омаду аз ҷой бархоста, аз сейфи оҳанин норинҷаки охирини «Ф – 1» – ро ки барои шикори моҳӣ нигоҳ медошт (бояд гуфт, ки ў баъзан ҳангоми шикори моҳӣ бо тўр норинҷакро истифода мебурд) ба даст гирифт.. Хело андеша намуд ва роҳи истифода бурдани онро дар дохили автомашина ба нақша гирифт. Ин амал тафаккури фаҳмиши худи ў набуд, балки дар солҳои ҷанги бародаркушӣ мухолифин чунини роҳро истифода мебурданд ва ҳамин роҳро Ҳотам Илёс чун экспансияи мухолифин то кунун дар ёд дошт. Ў мебоист норинҷакро дар таги курсии ронанда ва ё мусофири паҳлуяш андармон мекард ва ҳалқаи вайро канда қариб, ки мебаровард, сипас он ҳалқаро ба сими борике пайваста ноаён онро ба муфт ё педали тормоз мебаст, ки баъди ду ё се маротиба зер намудан он ҳалқа аз детонатор ҷудо мешуд… Шаб бошад ин оғози неки кор буд. Расо соати 21.15 дақиқа ў аз ҷой бархоста палтояшро ба бар карду асбобҳои заруриро ба ҷайбаш андохта, чароғро хомўш сохта, аз дар баромад. Хушбахтона, палтояш дар ҷойи кораш буд ва ў имшаб ба ҷойи нимтанаи чармин онро пўшиду норинҷак аз чашми бадбинон пинҳон монд. Ў пиёда ба самти кўчаи Меҳнат ҳаракат кард…
… 29 …
– Капитани милиса Толеҳзода Аъзам Толиб, – худро муаррифӣ намуд шахси ба суроғи вай омада, ки дар либоси ғайринизомӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё