Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Сорбони Ҳомид, ваколатдори кофтукови ҷиноятии ноҳияи Сарчашма.
– Банда дар хизмати шумо.
– Майори милиса Аслонов маро ба назди шумо фиристод.
Бояд ба самъи шумо расонам, ки мо низ дар ҷустуҷўи Ёсумани Наботем.
– Аҷиб.
– Чӣ ҷойи тааҷҷуб?
– Тааҷҷубаш ҳамин, ки падару модари Ёсуман ҳоло дар дафтари кории ман нишастаанд. Онҳо маро бовар кунониданианд, ки дар бораи гум шудани духтарашон ба ҷуз шуъбаи мо дигар ба пўшоки танашон ҳам розе нагуфтаанд.
– Баҳс намекунам.
– Пас дар асоси кадом ҳуҷҷат шумо ба ҷустуҷўи Ёсумани Набот дасту остин барзадаед?
– Се шабонарўз пештар дар кўчаи Хуросон мудири бонки «Кишоварз» – ро парронидаанд.
– Хабар дорам, вале ин ба духтараки шонздаҳсола чӣ дахл дорад?
– Ў дар ҳодисаи мазкур чун шоҳид мегузарад.
– Акнун фаҳмидам, вале волидайнаш дар ин бора ҳарфе ба забон наовардаанд.
– Онҳоро ташвиш надиҳед, чунки дар ин бора хабаре надоранд.
– Ба фикри шумо ҳоло Ёсуман дар куҷост?
– Росташро гўям намедонам, вале мо бар он ақидаем, ки ҳаёти ў дар хатар аст.
– Волидайнаш бошад гумон доранд, ки ў ба хонаи кадом як шиносаш рафтагӣ.
– Ихтиёран рафтагӣ?
– Онҳо дар ҳамин ақидаанд.
– Мо бошем бар он ақидаем, ки Ёсуманро бо роҳи фиреб аз хонаашон бароварда, сипас рабурдаанд.
– Ҳа, дарвоқеъ дирўз нисифрўзӣ модари Ёсуман аз мағоза баргашта посухи телефонии духтарашро:
– «Майлаш ман меоям» – ро шунидааст. Сараввал ў ба ин кор чандон аҳамият надодааст, чунки дар хотираи телефон ягон рақами телефони ношиносро надидааст ва чун соати 17.00 Ёсуман бе ягон тағйири либос аз хона берун баромадааст, ҳатто ба гўшаи хотираш ҳам наовардааст, ки аз хона баромадани ў ба ҳамин ваъдаи телефониаш алоқаманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё