Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ўро лозим буд, ки ба ягон хулосаи аниқе биёяд, вагарна фардо дер хоҳад шуд.
Полковники милиса суханҳои чанд лаҳза пеш аз маҳбубааш Сарвиноз шунидаашро ба монитори хотирааш равона намуда, лаҳзае чашмонашро пўшид…
Чун катакчаҳои майнааш ба ҷунбиш даромаданд, ў аз матни дар монитори хотироташ баромада, ба хулосае омад, ки аллакай дар хуни се нафар даст дорад. Сарвиноз аллакай пуле буд, байни ў ва Гулбарг Амон. Насим пулест байни ў ва Сарвиноз, байни вай ва Маъруф Остон ва боз байни полковники милисаю Ёсумани Набот. Не, акнун ў марди ғарқшуда истодаеро мемонд, ки дасти об надораду об як ваҷаб болои сараш равон асту равон ва чун шиновар нест об ўро ба коми хеш фурў хоҳад бурд. Рафту агар Фирдавси Ҳаким бо Сарвиноз вохўрад, канӣ кафолат, ки ў барои эмин мондани сари хеш номи бандаро ба забон наорад. Насим ҳам чун ба даст биафтад аз ў некиро интизор набояд шуд, ў дар ду дақиқа ҳама хизматҳои бандаро пеши по хоҳад зад…
Дигар фарқаш чӣ ки чанд нафар ҷони хешро аз даст медиҳанд. Ҷазо барои се нафар ҳам як асту барои панҷ нафар ҳам, мисли ҳамон обе, ки аз болои сари шахси ғарқшуда як ваҷаб ҳам боло шавад ҳамон натиҷаро хоҳад дод, чунки ғарқшудаистода шиновар нест ва баҳри раҳоии хеш талош намеварзад.
Не, дар ин ҷо вазъият тамоман дигар аст ва талош мебояду талош ва ман ин ду шоҳидро чунон аз байн барам, ки Фирдавси Ҳаким ангушти ҳайрат бигазад…
Дар вақти таъин намуда Насим занг зад ва Ҳотам Илёс гуфт, ки ҳоло ба назди сардор рафта истодааст, вале агар ў имконият дошта бошад метавонад соате пас вайро дар кўчаи Меҳнат интизор шавад.
– Майлаш, ман розӣ сад метр поёнтар аз истгоҳ шуморо интизор мешавам.
– Соати 21.04 дақиқа боз Сарвиноз занг зад. Ҳотам Илёс ўро бовар кунонид, ки фардо худаш ҳама корро ҳал мекунад ва ҳаргиз дигар муфаттиш ба суроғи ў нахоҳад омад. Ман ним соат пас бо Насим дар кўчаи Меҳнат вохўрӣ дорам агар тавонӣ биё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё