Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба номи Худо аз шунидани хабарҳои нав мўйи танам рост хест ва даҳ дақиқа боз ман беист ба худат занг зада истодаам, хайрият гўшакро бардоштӣ.
– Воҳима кардӣ – ҳа?
– Бе ягон воҳима, ана гўш кун… Сарвиноз гап заду гап ва мусоҳиби дар алоқа будааш танҳо як суханро: ҳоло ҳамин хел гўй гоҳ – гоҳ ба забон меовард.
– Ана ҳамин хел, акнун бигўед, ки рафту агар маро даъват намуда пурсанд чӣ гўям?
– Чӣ ҳам мегуфтӣ, гўй ки ман он хабарро ба полковники милиса фалонӣ расонидам.
– Ту чӣ шўхӣ мекунӣ?
– Чӣ хел шўхӣ, ҷонам шавӣ.
– Шояд аз ин хабар ягон каси дигар ҳам огоҳ будааст?
– Гуфтании ки Гулбарг Амон дар бораи «корнамоиҳои»
шавҳараш ба ягон нафари дигар ҳам рози дил намудааст?
– Ҳа.
– Кӣ медонад?
– Хайр гап зан, ман чӣ кор кунам? Ҳаминаш намерасид, ки бандаро чун хабаркаши милиса ба домодшаванда муаррифӣ намоянд.
– Дар ҳақиқат вазъият на ба он дараҷаест, ки мо осуда шавем. Бубин, худи муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким ду рўз боз дар ҷустуҷўи Сарвиноз аст. Ў мехоҳад бифаҳмад Сарвиноз хабари аз Гулбарг Амон шунидаашро ба кӣ гуфтааст.
Хуш, фарз кардем агар Сарвиноз бигўяд, ки он хабарро ба гўши Насим расонидам. Насимро ёфта пурсанд аз ду сар хоҳад гуфт, ки хабарро ба фалонӣ гуфтам. Бар замми ин Насим бо амри банда ҳисобашро бо Ёсумани Набот баробар кардааст. Аз кадом кунҷе бо амалҳои хеш ва ин ду ёвари худозада нанигарам онҳо маро ба варта тела медиҳанд. Оё беҳтар нест, ки ман худи онҳоро ба варта партоям ва ҳамаи гиреҳҳои дар дасти Фирдавси Ҳаким бударо биканам. Ба фикрам аз ҳамин роҳи беҳтаре нест, вале барои ин каме андеша кардан лозим, – аз дил гузаронид Ҳотам Илёс ва бо овози шунаво гуфт:
– Як соат пас занг зан, ягон фикр мекунем.
– Майлаш,– гўён Сарвиноз гўшакро ба ҷояш гузошт.
Ҳотам Илёс ба курсӣ такя намуда, гўшакро болои телефон гузошт, чун чашмаш ба соати деворӣ бархўрд, ақрабаки он 20.07 дақиқаро нишон медод, то вақти ба алоқа баромадани Насим боз 23 дақиқа вақт буд.

пешина
аз 558
навбатӣ