Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Аз рўйи маълумотҳои ман гирифтагӣ онҳоро гўё чанд тан аз нафақахўрони муҳтарами мо сохтаанд.
О, инсоф кунед, бародарони муҳтарам, чӣ тавр нафақахўр, ки нафақааш аз ҳашт– даҳ доллар зиёд нест, метавонад чунин қасру кушкҳо бисозад… Инсоф, инсоф…
Рафту агар мақомоти тафтишотии соҳибони қасру кўшкҳоеро ки суроғаашон дар зер оварда мешавад муайян намоянд гумон месозам, худи миллат номи онҳоро бо хатҳои заррин дар саҳфаи дилашон сабт хоҳад кард…»
– Оҳ лаънатие то ба куҷоҳо фикр намудааст, – аз дил гузаронид Асад Ғанӣ ва боз ба рўзнома чашм дўхт. Умуман, хондани мақолаи рўзноманигор Маъруф Остон расо ним соат вақти ўро гирифт. Рўзноманигор ба мақолаи хеш бо суханони «Коррупсияро бо пурбин маҷўед, чунки дар шаби тор ҳам онро бе чароғ дидан мумкин аст…» нуқта гузошта буд.
Асад Ғанӣ аз курсиаш наҷунбида фаҳмид, ки он қасру кўшкҳо моли киҳоянд ва маҳз ҳамин ҳолат таъби бе ин ҳам хираи ўро хиратар кард…
Соате пештар ў Фирдавси Ҳакимро ба тарсуӣ гунаҳкор кард, ҳол он ки муфаттиш бе ягон фикру андеша гуфт, ки тайёр аст аз рўйи мақолаи Маъруф Остон парвандаи ҷиноӣ оғоз намояд. Маълум, ки лаънатӣ ҳамаш дилу гурда аст.
Чӣ бояд кард, рафту агар кўчаи Баҳор аз рўйи тобеъияти ҷуғрофӣ дар минтақаи дигар ноҳия мешуд, нуран алонур мебуд.
Рўзноманигор нашуда мур, туро кадом модар ба дунё овард.
Чунинҳояшро японҳо «камикадзе» мегўянд. Чаро сармуҳаррир барои чопи чунин як маводи низоъангез рухсат дода бошад?
Ҳарчанд тайи ин ду моҳ на рўзнома ва на рўзноманигор сари маводи чопкардаашон барнагашта буданд, вале прокуратураи шаҳрӣ наметавонист ором шавад...
Дирўз дар ҷаласае, ки дар ҳузури прокурори шаҳр баргузор шуд, сарназоратчии қонуни шаҳр аз Асад Ғанӣ нисбат ба ҳамон мақола пурсон шуд. Ҳарчанд рўйирост ҳам нагуфт, вале фаҳмо гуфт: «Модоме ки кўчаи Баҳор дар минтақаи худат ҳаст, илоҷашро ёб». Ҳар кӣ ҳуқуқи бештаре дорад, ҳақиқат ҳам ба тарафи ў майл мекунад. Асад Ғанӣ сари мизи корӣ сари ҳамин масъала андеша дошт ва чун Ситора дарро кушод шефро бо рангу рўйи канда дид. Духтур ҷеғ зад ва ниҳоят «Ёрии таъҷилӣ»
омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё