Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фишори хунаш ниҳоят баланд шудагӣ, – гуфт духтури
«Ёрии таъҷилӣ» ва зуд дору гузаронида, ба беморхона бурдани ўро тавсия дод.

… 27 …

– Раъно!
– Ҳа, ман.
– Дидӣ вайро?
– Киро?
– Ҳамон россияни ба суроғаи Сарвиноз омадаро?
– Дар куҷост?
– Дар қатори шашум, аз тарафи рост.
– Ҳамони паҳлуи тиреза?
– Худи худаш.
– Сарвиноз ҳам бало, як сол дар «Олами роз» кор кард ё не бо ними мизоҷон шиносоӣ пайдо кард. Ту гумон дорӣ ки ў ягон хеши Сарвиноз аст?
– Аз куҷо донам?
– Э, ба худо ман қоил.
– Вай милисааш кам буд, ки боз инаш пайдо шуд. Хайр рафта фаҳм, ки ў аз Сарвиноз чӣ мехоҳад?
– Содда будаӣ, Малоҳатхон. О, аз зан чӣ мехоҳанд. Агар ў маззахўрак нашуда бошад, ҳаргиз ба суроғи Сарвиноз намеомад. Бубин дирўз омадааст ва боз имрўз ҳам. Ҳамаи мардҳо ба Сарвиноз чун буз ба намак майл доранд.
– Хайр шуд, рав, ҳамашро фаҳмида гиру, яку якбора сирри дили хеш накушо. Гўй ки суроғаи Сарвинозро намедонӣ. Ў гоҳ
– гоҳ худаш телефон мекунад.
– Ҳамин хел гўям?
– Боз чӣ мегуфтӣ? О Сарвиноз ба наздикӣ тўй мешавад ва ў дигар ба чунин кавалер эҳтиёҷ надорад. Ягон илоҷ карда дилашро ба даст овардан лозим. Аздусар аз Россия бо дасти хушку холӣ наомадааст. Дар муносибат марди хубест. Ман худам дирўз ҳамаашро фаҳмида гирифтам.
– Албатта, ўро зану фарзандаш будагист.
– Ба ҳама кор бо чашми нек нигаристан лозим. Хайр рав.
Фирдавси Ҳаким новобаста аз он ки ин дафъа пушт ба тарафи аҳли толор меистод, вале тариқи оинаи барқаде, ки чор тарафи сутунҳоро ва чунин сутунҳо дар тамоми толор шаш адад буданд оро медоданд, ҳаракатҳои аҳли толорро наззора мекард.

пешина
аз 558
навбатӣ