Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ситора душман ҳам буд, аммо зани доно буд ва на як бору ду бор Асад Ғаниро аз балоҳо ҳифз карда тавонист.
Асад Ғанӣ аз ҷузвдони овардаи котиба он рўзномаро берун оварда, ба қироати мақолаи Маъруф Остон «Коррупсияро ба пурбин наҷўед…» пардохт.
«…Вақтҳои охир дар матбуоти даврӣ оид ба ришвахўрӣ ва ришваситонӣ хабару мақолаҳои зиёде ба чашм мерасанд. Аксари муаллифони ин хабару мақолаҳо кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ буда, бо мисолҳои конкретӣ тариқи расонаҳои хабарӣ мардуми кишварро аз натиҷаи корҳои хеш огоҳ намуданд.
Ин амал хуб аст ва то ҷое боиси дастгирист, вале…
Таҳлили чанд мақолаеро чун рўзноманигор банда ба дўши хеш гирифтам ва ба хулосае омадам, ки ҳамаи муборизаҳои мақомотҳои қудратӣ нисбат ба «коррупсия» ин қатрае аз баҳр аст ва агар сохторҳои ҳуқуқӣ самти кори хешро куллан дигар накунанд аҷаб нест, ки коррупсия аз мор ба аждаҳо табдил наёбад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳамаи онҳое ки тайи ду соли охир барои ришвагирию ришваситонӣ паси панҷараи маҳбасхонаҳо нишастаанд, бо амали ноҷойи хеш на ба беш аз ҳазор доллари амрикоӣ ба давлату ҷамъият зиён овардаанад.
Умуман, коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пурра дидан мумкин аст, ки поёнтар боз сари ҳамин масъала хоҳам баргашт.
Барои гирд овардани маводе, ки рўйи ин саҳфа омадааст банда аз дафтари кориам берун нашудам. Ҳамин хел ман гоҳ – гоҳ аз сари мизи кориам хеста баҳри хумори хешро шикастан ба назди тиреза меравам ва тамоку дармегиронам. Тирезаи дафтари кории ман аз ошёнаи дуюм ба тарафи кўчаи Баҳор, ки идораи рўзнома дар ҳамин ҷо воқеъ аст кушода мешавад. Ана ман ҳамаи факту рақамҳое, ки ин ҷо меорам аз паси ҳамин тиреза гирифтам. Дар ҳоле ки ҳомиёни қонун нафаронеро бо арзиши ҳазор доллар дастгир намуда, тариқи воситаҳои ахбори омма ба халқи хеш ҳисобот додаанд, банда аз паси тиреза истода дар ҳамин як кунҷи на чандон калон то ба ҷойе ки чашм имконияти биниш дорад, бист коху қасрҳоеро муайян намудам, ки арзиши ҳар кадомашон ба пиндори банда на кам аз се сад ҳазор доллари амрикоист.

пешина
аз 558
навбатӣ