Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Муфаттишро?
– Не, ёрдамчиро бигузор бо коррупсия даст ба гиребон шавад.
– Коррупсия коре нест, ки ҳар бегу дег онро ҳал кунад, хандида – хандида ба тарафи дар қадаме ниҳод котиба.
– Исто, исто, чӣ гуфтӣ?
– Гуфтам ва боз мегўям, ки коррупсия коре нест, ки ҳар бегу дег онро ҳал намояд.
– Чаро ин хел мегўед?
– О, вай ёрдамчии шумо дар қоғази сафед як ҷумларо рост навишта наметавонад, пас чӣ тавр бо чунин як рўзноманигори варзида мисли Маъруф Остон рў ба рў мешавад. Хандаовар менамояд.
– О, ин хели бад ҳам не да. Наход гумон созед, одамоне, ки дар варақи сафед рост навишта наметавонанд бесаводанд?
– Аёнро ҳоҷат ба баён нест ва кию чӣ будани ёрдамчиатонро шумо аз ман беҳтар медонед. Агар бандаро пурсанд ман аз идораи прокуратура то ба идораи суд, ки дар самти муқобили роҳ аст бурдани парвандаи ҷиноиро ба ёвари шумо Беков бовар намекунам.
Майлаш аз пайи коратон шавед, худам ягон ҳисобашро меёбам.
Котиба Ситораи Қурбон дигар сухане нагуфта аз дар берун шуд.
Ҳар он чӣ котиба гуфт, бе ягон муболиға гуфт ва сухани рост чун тир ҳамеша нишонрас аст. Аслан худи Асад Ғанӣ ҳам аз ёвари хеш Беков Ризо норизо буд, вале ўро ба ҷуз тоқат чорае намонда буд, чунки Беков ҷияни сардори шуъбаи кадрҳои прокуратураи генералӣ буд. То андозае ҳақ ба ҷониби котиба аст. Охир Беков куҷою Маъруф Остон куҷо? Ҳаминаш намерасид, ки боз он рўзноманигор ин дафъа дар симои Беков тамоми кормандони прокуратураро ба бесаводӣ муттаҳам созад. Барои ҳар дег кафлес алоҳида аст ва бо Маъруф Остон барин рўзноманигор рў ба рў шудан ва ўро бо мақолаи худаш муттаҳам сохтан кори ҳазл нест. Рафту агар котиба намешуд ман аз ду сар санҷиши ҳамин мақоларо ба зиммаи Беков вомегузоштам.
– И твой Беков такой дров наломал бы … нидо омад аз қалбаш. Мисли оне, ки «ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд»
Асад Ғанӣ аз суҳбати котибаи хеш Ситора, ки аз собиқ прокурор ба ў мерос монда буд, ниҳоят шод шуд, ҳарчанд ў Ситораро чашми дидан надошт, вале гоҳ – гоҳ гуфтаҳояшро сармашқи кори хеш мекард аз рўйи мақоли халқии «душмани доно беҳ, аз дўсти нодон».

пешина
аз 558
навбатӣ