Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Симои ҷигарбанд пеши назар Маъруф Остонро хоб бурд ва хобе дид, ки Собир падарро дар марги ду нафар айбдор мекунад…
… 26 …
«Ба умеди чоруқи анбунӣ, пота дар хор намунӣ» гуфтагӣ барин баъди суҳбат бо муфаттиш прокурор умедашро аз Фирдавси Ҳаким канд.
Албатта, дар зери итоати вай як идора одам буд. Аз муфаттиш сар карда то ёвару муовин ва котиба шумораи коргарон баробари ангуштони пою даст буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ў бисёр мехост, ки дар асоси супориши болоӣ Фирдавси Ҳаким, ки ҷавони ниҳоят қайсар буд, бо коррупсия даст ба гиребон шавад. Муфаттиш Фирдавси Ҳаким бошад ҳамаи орзую ормонҳои прокурорро баробари як дона ҷав ҳам қадр накард, ки накард…
Баробари аз дар берун шудани Фирдавси Ҳаким прокурор тугмачаи зангро, ки дар паҳлуи мизи кориаш ҷойгир буд, зер кард.
– Шеф ман бо амри шумо ҳозир, – чун ҷавобак баробари аз дар даромадан сухан оғоз кард котиба.
– Ситора канӣ, вай мақола?
– Кадом мақола?
– О, дар бораи коррупсия буд – ку.
– Дар бораи коррупсия мақолаҳо бисёр кадомашро мегўед?
– Дар рўзномаи «Айём» будагиро.
– Ҳамон мақолаи Маъруф Остонро?
– Ҳа, ҳа ҳа…
Котиба дигар ҳарфе ба забон наоварда аз дар берун шуд ва лаҳзае пас ҷузвдони чарминеро ки дар болояш «Қайдҳои матбуот» навишта шуда буд, гирифта баргашт.
– Хуш, мақоларо ёфтед?
– Ҳамааш ҳамин ҷо, – ба ҷузвдони чармин, ки аллакай болои мизи сарназоратчии қонун гузошта буд, ишора намуда гуфт котиба.
– Майлаш акнун раведу ба назди ман Бековро ҷеғ занед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё