Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар худат ҳақиқатро гуфта бошӣ, чӣ ҷойи тарс, вале агар дар ҳақи бегуноҳе туҳмат навишта бошӣ…
– Аз рўйи касбам ман то кунун ба чунин амали нопок даст назадаам.
– Пас сабаби ин ҳама озурдахотириат дар чист?
– Ба фикрам ман девона мешавам. Эй кош офаридгор ба ҷойи ҷони Собирҷон ҷони маро мегирифту аз ҳама ин андешаҳои ноҷо, ки чун мўрчагон дар майнаам рафтуо доранд, халос мекард.
– Биё, беҳтараш ин гапҳоро мон, набошад дар ҳақиқат ман бовар мекунам, ки ту ақлатро хўрдаӣ. Бе ин ҳам дарду доғи ман басанда аст.
Ў хомўш шуд, чунки худ майли баҳс надошт ва агар медошт ҳам оқибати чунин баҳсҳо ба некӣ намебурд. Охир Ҷамила аз куҷо медонад, ки расо се шабонарўз пештар ҳамин шавҳари уволакаш, ҳамин марде, ки тариқи рўзномаҳо мардумро ба адлу инсоф даъват мекард як не балки ду нафарро аз зиндагӣ маҳрум сохт. Чӣ магар онҳоро зану фарзанд набуд?
Дар дунё хаси бе кас нест. Албатта, оҳи дили пайвандони онҳо назди Оллоҳ таоло мустаҷоб гашту Офаридгор моро нишон дод…
– Дар марги Собирҷон танҳо ман гунаҳкорам, ман, – боз дар куҷо буданашро фаромўш сохта бо овози шунаво бигуфт мард.
– Ту гуноҳе надорӣ, беҳуда худатро…
– Не, ман гунаҳкорам, ман…
– Ту чиҳо гуфта истодаӣ. Он чӣ ки баҳри наҷоти Собирҷон худат кардӣ на ҳар падар қодир аст. Магар дар чунин шароит ёфтани чунин маблағи калон осон аст. Не ҳарчӣ аз дастат омад кардӣ, вале афсўс ки тадбир ба тақдири Худованд намонад.
Маъруф Остон аз суханони ҳамсар каме ҳам бошад ба худ омад ва аз тарси он, ки мабодо он сирри нуҳуфтаи хеш ошкор насозад, ҳама гуна андешаҳои бесару нўгро аз майнааш дур кард. Ў давоми шабро бо андешаҳои хеш ва рўзгори на чандон тўлонии ҷигарбандаш Собир рўз кард. Дишаб ў сари болини писар буд ва чӣ орзуҳоеро бо ҳам чун нақшаи зиндагӣ тартиб доданд. Имшаб бошад Собир нест. Ҷисми сарди ўро ҳатто ба волидайнаш нишон надоданд. Собир ҳамаи орзую омоли хешро ба гўр мебарад, вале доғи ў дар дили волидайн то ба рўзи қиёмат боқист, ки боқист…

пешина
аз 558
навбатӣ