Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар интиҳо онҳо дар рў ба рўйи меҳмонхонаи «Прага» баромаданд ва ба нею нестони ҳамсараш нигоҳ накарда Маъруф Остон майли ба он ҷо рафтан кард…
Тамоми шаб ҳарду мижа таҳ накарданд. Ҷамила ҳамчун шавҳар дарун ба дарун месўхт. Шояд агар дар Ватан мешуд, ўро ҳамдилу ҳамрозе паҳлуяш буд, вале дар Москва ў худро бегона ҳис кард. Касеро парвои ў ва шавҳараш набуд. Касе ҳам дари кулбаи иҷоравии онҳоро накушод.
Ҷамила ашк мерехт, вале овоз баланд карда наметавонист, чунки агар овоз баланд мекард, роҳати дигаронро халалдор месохт, чунин ҳолат бар хилофи низомномаву дастурамали меҳмонхона буд. Шояд агар овоз ҳам баланд мекард касеро парвояш набуд, вале ў андозаи хеш нигоҳ медошт. Маъруф Остон бошад, дар давоми шаб ду қуттӣ тамокуро чун доруи дарди сар истифода бурд. Дар дигар вақт Ҷамила ҳатман эътироз мекард, вале дар он шаб ў сухане ба забон наовард. Дар ҳоле ки зан лаҳзаҳои хотирмони ҳолномаи ҷигарбандашро ба ёд оварда ашк мерехт, шавҳар дар зери фаввораи дуди тамоку ба рафторҳои пасипардагии хеш наззора кард.
«– Аз бадбахтии дигарон хушбахтӣ ҷустӣ – ҳа? – нидо омад аз қалбаш.
– Чӣ ҷойи пинҳон кардан дар асл ҳамааш ҳамин хел буд.
– Некиро некиву бадро бад расад..
– Бад кардему ба бад гирифтор шудем, – ба гуноҳи хеш иқрор шуд рўзноманигор, дар куҷо буданашро фаромўш карда бо овози шунаво бигуфт Маъруф Остон.
– Мо ба кӣ бадӣ кардем, ки чунин мегўӣ дадош?– аз суханони шавҳар ба изтироб афтода пурсид зан.
Маъруф Остон дар лаҳзаи аввал ҳатто дасту по хўрд ва ба ин суол чӣ посух доданашро нафаҳмид.
– Чаро хомўшӣ, бигў, ки мо ба кӣ бадӣ кардем, ки ба бад гирифтор шудем? – дуюмбора суханашро таркор кард зан.
– Дар омади гап гуфтам. Шояд мо дили ягон касро ранҷонда бошем? Модоме ки Офаридгор ба мо чунин ҷазоро раво дид.
– Туро– ку намедонам, вале ман мўрчаеро озор надодаам.
– Ман туро не, худамро дар назар дорам. Охир аз рўйи вазифа шуда, ман чун гурба ба рўйи чандин нафарон чанг задам.

пешина
аз 558
навбатӣ