Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Беморхона ин меҳмонхона нест ва маъмурияти беморхона имконияти ба шумо ҳуҷраи алоҳида додан ҳам надорад,– гуфт духтур ва ба тарафи «Хонаи духтурон» рафт. Марду зан бо оҳу шеван аз он бино берун шуданд. Ҳавои сарди зимистон сару рўи ҳардуро палмосида гузашт.
– Эҳ, худоҷоне ҷони маро ҳам бигир, – мегуфт Ҷамила.
– Бадии кор ҳам дар ҳамин аст, ки Офаридгор моро аз дарду алам раҳониданӣ нест. Акнун ба тақдири Худованд тан додан лозим. Ба ҳама неку бадаш шукрона бояд гуфт. Аз ду сар то кунун сари зиндаеро паҳлуи сари мурда нагузоштаанд, – ҳамсарро ором карданӣ шуда бигуфт шавҳар.
Дигар чӣ ҳам мегуфт Ҷамила? Охир, ў нағз мефаҳмид, ки дигар ҳама оҳу шеванро суде нест. Ҳар он чӣ ки шавҳар бигуфт тайи умри кўтоҳи хеш ў на як бору ду бор, балки даҳҳо ва ё шояд садҳо маротиба аз забони мардум шунида аст.
Онҳо нағз дарк кардаанд, ки дар куҷоянд ва шояд агар дар Ватан дар хоки аҷдодӣ мебуданд, худро ин қадар ҳақиру залил ҳис намекарданд. Ҳардуро ҳам лозим буд, ки дар чунин лаҳзаи мушкил асои дасти ҳамдигар шаванд ва ин дарду доғи ба сарашон омадаро дар якҷоягӣ чун шароби ноб бо ҳам бинанд.
– Шояд ба Душанбе занг занем,– пурсид Ҷамила аз зери оринҷи шавҳараш дошта истода.
– Кӣ медонад кай мо ҳуҷҷатҳоро тахт мекунем. Мардумонро чӣ лозим ташвиш додан.
– Бигузор бобою бибиаш ҳам аз барои Собирҷон ашк резанд.
– Бе ин ҳам бобою бибиаш дар ғами набераашон сўхта хокистар шуданд ва ман фикр мекунам, ки ақллан то фардо дар ин бора ба ягон кас гап назанем.
– Майлаш худат нағзтар медонӣ. Онҳо оҳиста– оҳиста аз пеши бинои беморхонаи кардиологӣ дур шуданд. Сараввал ба трамвай нишастанд, сипас ба метро ва баъди чанд истгоҳ аз метро берун шуданд. Ҳарчанд аллакай шаб фаро расида буд, вале кўчаҳои Москва серодам буданд. Ҳама дар такопў ҳама чун мўрчагон дар даву ғеҷ касеро парвои касе набуд. Ҳаво ниҳоят сард. Чунон сард, ки ба устухон кора мекард. Маъруф Остону ҳамсараш бо дарду алами хеш дар кўчаҳои ин шаҳри азим қадам мезаданду қадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё