Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Сорбони Ҳомид, ки ҳанўз аз қироати амру фармонҳои дар девор овезон буда чашм наканда буд, баробари шунидани садои навбатдор ба қафо баргашт ва ба марди нав ба суроғаш омада худашро муаррифӣ намуд…
… 25 …
Замоне ки дар 38 дараҷаю 5 дақиқаи арзи шимолӣ ва 68 дараҷаю 4 дақиқаи тўли шарқӣ ҷисми сарди Розиқ Амон ва муҳофизи ўро ба хок месупориданд, ҳазорҳо километр дуртар аз он дар 56 дараҷаи арзи шимолӣ ва 38 дараҷаи тўли шарқӣ писарбачаи шашсолае рўйи мизи ҷарроҳӣ бо зиндагӣ падруд гуфт.
Рўҳи онҳое ки ба ивази ҷони хеш ҷони писарбачаи шашсолаеро бояд харидорӣ мекарданд ором нагирифту хунбаҳои ҷисми хешро аз қотил талаб намуд, ки бад ба бадии Худо гирифтор шуд ва он пули ҳаром ба даст овардааш ҳаром ба боди фано рафт. Ў бад карду бад дид, чунки баҳри фарзандаш на аз Офаридгор, балки аз нафароне чун худи ў назди Худованд бечораю музтар буданд, умри дароз талаб кард ва ба ҳамин хотир пеши пойи шайтон саҷда оварду хуни ду нафар бегуноҳе бирехт… Чун дар замонаш ў астағфируллоҳ нагуфту пушт ба сўйи хуршеди олам гардониду рўй ба тарафи шайтон, дигар на дастони мўъҷизаофарини Константин Полевой ва на кўшишҳои Анатолий Павлович Ракитский ба дардаш даво нашуданд.
Соате пас онҳо аз забони Анатолий Павлович дар бораи марги ҷигарбандашон огоҳӣ ёфтанд. Зану шавҳар ҳарду паҳлуи ҳам хело оби чашм рехтанд ва дар он сарзамини дур касе ҳам ҳамрозу ҳамдарди онҳо дар ҳамин лаҳзаҳо нагашт. Шояд агар онҳо дар мулки хеш мебуданд, ин қадар худро хору зор ҳис намекарданд. Марги ҷигарбандашон як буду ғаму дарди ғарибӣ як. Онҳо дар ҷое буданд, ки урфу одаташон ҳам дигар буд.
Дар дами марг касе набуд, ки болои сари бемор истода, сураи «Ёсин» – ро аз Қуръони маҷид қироат намояд ва ин доғро акнун онҳо то ба гўр дар синаи хеш мебурданд…
– Ҳоло ба ягон меҳмонхона равед, фардо омада маълумотномаро дар бораи марги писаратон мегиред, – гуфт Ракитсий ба суҳбат нуқта гузошта истода.
– Не, мо ба ягон ҷо намеравем, – эътироз намуд Ҷамила.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё