Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Мо аллакай суроғаи вай духтараки меҷустагиатонро муайян намудем ва боз насабашро ҳам.
– Бисёр хуб. Ўро чӣ насабест ва дар куҷо зиндагӣ мекардааст?
– Номи падараш Набот. Яъне Ёсумани Набот. Дар кўчаи Шараф 14/1, ҳуҷраи 13, вале...
– Чаро суханатонро буридед?
– Чунки ў дирўз соати 17.00 аз хона баромада дигар барнагаштааст.
– Ҳамин аст, хабари дуюматон?
– Бале, қумандон соиб.
– Беҳтар мешуд, ки ба ман бо ному насаб ё рутбаи аслиам муроҷиат мекардед, рафиқ майор.
– Калимаи қумандон чӣ бадӣ дорад ва ба замми ин вожаи соиб ҳам дар мамолики ҳамсояи мо хеле маъмул аст. Соиб яъне сэр ё худ ҷаноб аст, магар ин бад аст, ки банда аз рўйи эҳтиром ба шумо бо чунин вожа муроҷиат намудам.
– Хўрдагиҳо пушаймон, нохўрдаҳо дар ормон, – гуфтани мардум бесабаб набудааст.
– Чиро дар назар доред?
– Ҳар кӣ гузаштаи хеш ба ёд наорад инсони комил нест ва дишаб ҳам шумо айнан маро қумандон соиб ном бурдед. Ба ростӣ, ҳамин сухан ба ман маъқул нест. О, шумо, бачаи хурд нестед, ҳарчанд дар синну сол аз ман хурд ҳам бошед, вале рутбаатон аз рутбаи банда баландтар аст.
– Маҳз аз ҳамин хотир ба шумо сэр гуфта муроҷиат намудам.
– Мисли оне, ки мардуми Эрон аз калимаи риш ва мардуми афғон аз калимаи товариш қимобанд банда ҳам аз вожаи ба забоновардаи шумо қариб ки қимобам. Худатон тасаввур намоед, ки ҳамагӣ даҳ – дувоздаҳ сол пеш ҳамаи калу кўр яроқнок шудаву худро қумандон эълон карданд.
– Дар ёдам ҳаст, рафиқ капитан.
– Он қумандонҳои чаласавод бо ин давлату миллат чӣ карданд, дар ёдатон ҳаст?
– Албатта.
– Оё шумо боз нияти ба ҳамон рўзҳо баргаштан доред?
– Не, Худо нигоҳ дорад.
– Пас чӣ лозим захми дили мардум тоза кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё