Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бубахшед.
– Акнун донистан мехостам, ки ШКД – и ноҳияи Сино дар бораи Ёсумани Набот чӣ андеша дорад ва сабаби ғайбзаниашро аз хона дар чӣ мебинад?
– Соли гузашта ў синфи нўҳумро хатм намудааст ва дигар ба мактаб нарафтааст.
– Боз чӣ?
– Дигар ягон маълумоте дар ин бора дар даст надорем.
– Ин бад аст.
– Чӣ магар ба Ёсуман ягон хатар таҳдид мекунад?
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
– Модараш бар он ақида аст, ки дирўз кадоме Ёсуманро ба вохўрӣ даъват намудааст.
– Ва ў намедонад он кас кӣ будааст?
– Дирўз модараш аз мағоза баргашта овози Ёсуманро шунидааст, ки гуфтааст:
– Майлаш ман меоям.
Вақте ки ў вориди хона шудааст, Ёсуман ҳамоно гўшакро ба ҷояш гузоштааст. Дар он вақт модар чандон ба суханони духтараш аҳамият надодааст, вале чун шаб ў барнагаштааст, ба хулосае омадааст, ки гумшавии Ёсуман ба ҳамон занги телефонӣ алоқа дорад.
– Занги телефонӣ соати чанд будааст?
– Ҳангоми танаффуси нисфирўзӣ.
– Ёсуман кай аз хона баромадааст?
– Расо осати 17.00.
– Қариб ки вақти шом ва оё модараш напурсидааст, ки ў ба куҷо азми сафар дорад?
– Ёсуман қариб, ки бо либосҳои хонагиаш ба берун баромадааст ва аз аҳли оилаашон касе ба гўшаи хотир ҳам наовардааст, ки вай нияти ба ягон ҷо рафтан дорад.
– Ёсуман бо ин амалаш ба чашми аҳли хонавода хок пошидааст, гўй?
– Ҳамин хел аст.
– Аз модараш напурсидед, ки оё аз таблои телефон рақами телефони нафареро, ки духтарашонро ба вохўрӣ даъват намудааст, муаян накардааст?
– Баробари ба хона ворид шудани модар Ёсуман ба ошхона рафтааст ва модар бо баҳонаи ба хонаи додараш занг задан ба сари телефон омад, вале рақами телефони зангзанандаро дар табло муайян карда натавонистааст.

пешина
аз 558
навбатӣ