Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пеш аз бардоштани тобут аз саҳни ҳавлӣ муллои маҳалла, ки ришу фарши дароз дошт, ба назди ҳамсари марҳум рафт ва аз ў чизе пурсид. Гулбарг Амон бо ишораи сар фикри домуллоро рад намуд. Капитани милиса ба хулосае омад, ки бевазан дар батнаш тифле надорад ва аз ҳамин рў наметавонд аз пояи тобути шавҳар бигирад. Аз он ки Розиқ Амон аз никоҳи аввалааш фарзанд дошт, вале бо тақдири Худованд онҳо дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуда буданд, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба хулосае омад, ки дар таваллуд накардани фарзанд худи зан гунаҳкор аст.
Баъди адои намози ҷумъа бо навбат тобутҳоро пеши мардуми намозхон гузоштанд ва лаҳзае пас ҳарду тобут чун лаълии паррон болои дасти мардум ба манзили хомўшон рафтанд. Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ва муфаттиши прокуратура ҳам аз қафои тобут то ба қабристони шаҳрӣ рафтанд. Соате пас ҳама пароканда шуданд. Сорбони Ҳомид ҳамроҳи Фирдавси Ҳаким паҳлуи ҳам қадам зада, то роҳи калон баромаданд. Аз он чӣ ки онҳо дишаб макони зисти Ёсуманро муайян карда натавонистанд, то ҳанўз нисбат ба тақдири он духтараки ҷабрдида дар ташвиш буданд.
Чун муфаттиши прокуратура бояд ба қаҳвахонаи «Олами роз» ба вохўрӣ бо Раъно ном дугонаи Сарвиноз мерафт, ҷустуҷўи минбаъдаи Ёсуманро Сорбони Ҳомид ба дўш гирифт.
Ҷустани духтаре, ки на насабаш маълум асту на суроғааш баробари ҷустани сўзан дар байни тўдаи коҳ аст. Ба ҳар ҳол ваколатдори кофтукови ҷиноятиро ба ҷуз муайян намудани манзили Ёсуман роҳи дигаре набуд. Ў боз аз нав ба маҳаллаи 82
–юми пойтахт омад. Дар пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятии рақами 6 ба ҷуз сарнозири минтақавӣ Аслонов дигар касе набуд.
– Ҳа, омадед, рафиқ капитан,– ба истиқболи Сорбони Ҳомид аз ҷой бархеста гуфт майори милиса Аслонов.
– Чӣ хеле, ки мебинед, рафиқ майор.
– Баҳри шумо ду хабаре дорем, яке нохуш ва дигаре хуш аз кадомаш гузоришро оғоз намоям.
– Ба фикрам хабари нек кушоиши оғози кор аст.

пешина
аз 558
навбатӣ