Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ягон чиз бо худ нагирифтӣ – ку,– пурсид муфаттиш.
– Мо ба ҷустуҷў меравем на ба пурсиш, – хандида гуфт Сорбони Ҳомид.
Ў ҳатто ба муфаттиш нагуфт, ки бо худ тапончаи хизматиашро гирифт. Дасти чапашро каме ба баданаш ҷафстар кард ва ҳис намуд, ки тапонча дар ҷояш, вале дар ин бора сухане ба забон наовард.
Бо супориши Ҳамид Ҷовид автомашинаи хизматии сардор
Сорбони Ҳомид ва Фирдавси Ҳакимро ба маҳаллаи 82 – юм бурд…
… 24 …

Дар маросими видоъ бо маҳрум мардумони зиёде гирд омада буданд. Сорбони Ҳомид муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳакимро низ ҳамон ҷо дид, вале ба ў наздик нашуд. Аздусар дар соя мондани яке аз онҳо зарур буд ва агар касоне ки вайро мешинохтанд ба муфаттиш таваҷўҳ зоҳир намекарданд ва баръакс. Ба ҳар ҳол онҳо бо ишораи сар аз дур ҳам бошад ба ҳамдигар салом гуфтанд. Барои мақсаду мароми онҳоро дар як салом фаҳмидан бошад чашми ҷаҳонбине лозим буд.
Пеш аз маросими ҷаноза дар саҳни ҳавлӣ воқеъ дар кўчаи Хуросон ҷамъомаде баргузор гардид, ки дар он ёру дўстон ва ҳамкорони марҳум дар бораи ҳаёту фаъолияти мудири бонки «Кишоварз» сухан гуфтанд.
Садри маърака муовини мудири бонк Фаррух Нодир аз номи худ, аҳли хонавода ва кормандони бонки саҳомии «Кишоварз» ва ҳамаи онҳое, ки вақти хешро дареғ надошта барои видоъ бо мудири бонки саҳомии «Кишоварз» Розиқ Амон ва муҳофизи ў ҷавони ниҳоят хоксор Маҷнун Замир омада буданд изҳори ташаккур намуда, қайд намуд, ки ҳарчанд Розиқ Амон ва муҳофизи ў Маҷнун Замир аз анҷумани онҳо ҷисман ҷудо шуда бошанд ҳам, вале ёди онҳо чун меҳр дар дил, чун нур дар дида боқӣ хоҳад монд…
Сипас мардумони зиёде ҳарду тобутро бардошта ба тарафи масҷиди маҳалла раҳсипор шуданд. Сорбони Ҳомид тайи ин муддат чанд маротиба ба тарафи ҳамсари маҳрум, ки дар либоси сиёҳ паҳлуи пиразане менишаст, нигарист. Не, дар маърака бевазан чун ҳама дигар наздикону пайвандони шавҳараш дар мотам буд ва боварии кас намеомад, ки ин ҳамон занест дилаш саршори нафрат нисбат ба шавҳар.

пешина
аз 558
навбатӣ