Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ў бисёр мехост донад, ки дар ҳарду нишондод то ба кадом андоза тағйироту иловаҳо ҷой доранд. Дар ин бора бошад, ба ҷуз Сорбони Ҳомид, ки шунавандаи аввалини қиссаи Гулбарг Амон буд, дигар кӣ ҳам метавонист рўшанӣ андозад. Чун баъди ду – се маротибаи зангзании дигар телефони дафтари кории капитани милиса Сорбони Ҳомид ҷавоб надод, муфаттиши прокуратура ба хулосае омад, ки ба ҳодисаи мазкур аз дигар кунҷ нигоҳ намояд. Ба ҳамин мақсад ў рўзномаи «Айём» – ро ҷўё шуд, вале ҳамон шуморае, ки боиси парешонии хотири прокурор гашта буд, наёфт. Фирдавси Ҳаким фаҳмид, ки ҳамон шумора аҷаб нест дар дасти сарназоратчии қонун бошад, вале ба назди прокурор рафтан нахост ва соатҳои 15.20 дақиқа аз бино берун шуд…
Мақсад ўро тамоман дигар буд. Гулбарг Амон гуфт, ки соле пештар дар ҳамин қасри кошие, ки ин субҳ Асад Ғанӣ (прокурорро чунин ному насаб буд) дар борааш сухан гуфт, шавҳараш ба номуси духтараки понздаҳсолае, ки номаш Ёсуман аст, таҷовуз намуда будааст. Ҳарчанд ба таври ростхата ҳам набошад, ҳамсари марҳум хабари мазкурро ду рўз пас ба гўши Сарвиноз ном духтараке, ки дар қаҳвахонаи «Олами роз» вазифаи пешхизматро ба дўш доштааст, расонидааст. Ҳамин хел дар омади гап сири дилашро ба пешхизмат ифшо намудааст. Ба ин ҳаракат ўро худи оне водор намудааст, ки сирри шавҳараш ба ў фурўхта. Тахминан ду ҳафта пас Розиқ Амон он кохи дар маҳаллаи Зарафшон ба номи ҷиянаш сохташударо ба фурўш мондааст. Аз ҳамин лиҳоз, Гулбарг Амон боварии пурра дорад, ки Сарвиноз он хабарро ба гўши кадоме аз мансабдорони вазоратҳои қудратӣ расонидааст. Чун Розиқ Амонро то ба дами марг пишакашро касе пишт нагуфт муфаттиш ба хулосае омад, ки маблағи фурўши он қасри кошӣ забони кадоме аз мансабдорони вазоратҳои қудратиро бубастааст…
Гулбарг Амон суроғаи аниқи Ёсуманро ба ёд оварда натавонист, вале маҳаллаи умумии зисти ўро ба муфаттиш бигуфт.
Аз рўйи нишондоди Гулбарг Амон Ёсуман дар маҳаллаи 82 – юми пойтахт зиндагӣ мекардааст ва барои муайян намудани суроғаи аниқи ҷабрдида муфаттиш мебоист боз чанд рўзро сипарӣ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё