Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар чунин ҳолат нақши ўро дар ин амал собит кардан лозим меомад. Мусаллам буд, ки ўро ҳамчун иҷрочӣ гумонбар донистан ғайриимкон аст. Муфаттиш, ки болои қоғази сафед андешаҳои хешро қайд мекард, ҳамин ҳолатро пурра ба қалам дод.
Дар монитори хотираш саҳфаи дигаре, ки дар як гўшааш «супоришдиҳанда» навишта шуда буд, боз шуд. Маҳз ҳамин нақш аз ҳама беш баҳри ғолибият дар «озмун» талош кард.
Ҳамаи инро сабаб он буд, ки рафту агар Гулбарг Амон дар амалиёти мазкур нақши супоришдиҳандаро бозида бошад, худи зиндагӣ ўро чун зани шуҷоъ таҷассум кард. Аз шуҳрат бошад касе рўй нагардонидааст. Дар катакчаҳои майнаи муфаттиш сари ҳамин масъала «задухўрдҳои шадиде» рух дод, вале бозӣ ҳамин хел дуранг монд.
Дар ҳодисаи мазкур аслан як ҳолате буд, ки ба ғолиби «озмун» гаштани ҷавонзан монеа мешуд. Ин ҳам бошад, марги Маҷнуни Замир.
Кор то ба дараҷае расид, ки катакчаҳои майнаи муфаттиш ҳангоми муҳокимарониҳо дар атрофи довталабони «Озмун»
дар сангарҳои муқобил рў ба рўйи ҳамдигар ҷо ба ҷо шуданд.
Онҳое ки дар сангарҳои нимкураи шарқӣ меистоданд, далелҳоро нокифоя шумурда, ҳамсари маҳрумро аз зинаи супоришдиҳанда фаровардан мехостанд. Ин гурўҳ фикри хешро бар он асоснок карданӣ мешуданд, ки агар Гулбарг Амон супоришдиҳанда мешуд, ҳаргиз қасди ҷони муҳофиз Маҷнуни Замир намекард. Марги муҳофиз баҳри ҷавонзан аз марги падару бародаронаш кам набуд ва шарқиён аз бародарони дар нимкураи ғарбӣ дар сангар истода талаб намуданд, ки агар ба фикри онҳо розӣ набошанд, метавонанд боз як маротиба сабти овозро гўш намоянд. Бо талаби дар сангар нишастагони нимкураи ғарбӣ Фирдавси Ҳаким чун довари «Озмун» бори дуюм сабти овози Гулбарг Амонро тоб дод ва ғарбиён ҳарчанд аз зин фаромада бошанд, вале пой аз рикоб гирифтан нахостанд ва довар дилу бедилон бозиро дуранг эълон карда, ваъда дод, ки тамоми чораҳоро меандешад то ҳарду гурўҳ боз як маротиба дар майдон қувваю маҳорати хеш бисанҷанд…
Ба ҳамин хотир муфаттиш ба ШКД занг зад, вале навбатдори милиса ба пурсиши вай посух дод, ки Сорбони Ҳомид дар идора нест. Муфаттиш бисёр мехост, ки боз як бори дигар ҳамроҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид сабти овозро шунавад ва ба воситаи баҳсу мунозира нишондоди аввалаи бевазанро бо нишондоди кунуниаш муқоиса намояд.

пешина
аз 558
навбатӣ