Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҷода аз ёфтани Ёсуман дида ёфтани Сарвиноз осонтар буд. Фирдавси Ҳаким ба таксие нишаста то «Олами роз» омад. Расо соати 16.05 дақиқа муфаттиш пой бар остонаи «Олами роз» гузошт. Ҳарчанд ў бори аввал ба ин ҷо омада буд, дар як нигоҳ баҳри хеш мавқеи муносибтаре интихоб намуда, ба тарафи рости дари даромадгоҳ, ба кунҷи толор ҳаракат кард ва ба курсии охирини паҳлўи, тиреза нишаст…
Муфаттиш ҳатто ба гўшаи хотир ҳам оварда натавонист, ки соате пештар дар ҳамин курсӣ онҳое нишаста буданд, ки ба тақдири минбаъдаи ҷабрдида Ёсумани шонздаҳсола хати батлон кашиданд… Не, дар ин бора Фирдавси Ҳаким намедонист ва донистани ин рози ниҳон барояш ғайриимкон буд.
– Хуш, чӣ мефармоянд? – баробари ба назди мизоҷ омадан дастҳо пеши бар бо нимтабассуме пурсид пешхизмат.
Чун муфаттиш тамоми рўз дар идораи сард машғули пурсиши Гулбарг Амон ва андешаҳои ҳамин пурсиш буду луқмае ба даҳон набурда, муносибати нек ва табассуми хуши пешхизматро ба инобат гирифта чунин посух дод
– Ҳарчӣ худи хонумро хуш аст, мақбули банда хоҳад шуд.
– Ташаккур, ман кўшиш мекунам, ки шумо аз қаҳвахонаи мо боз дидан намоед, гўён пешхизмат ба тарафи ошхона ҳаракат кард.
Фирдавси Ҳаким аз оинаи тиреза, ки бо пардаи ҳарир мизоҷонро аз чашми роҳгузарони кўча пинҳон мекард ба берун назар кард. Ҳанўз ҳам барф ҳокими замин буд. Дар деҳот, дар он ҷойе, ки ў таваллуд шудаву ба воя расида барфро кўрпаи замин мегўянд ва онро фоли нек мепиндоранд, дар шаҳр бошад шаҳриён бештар гармиро мепарастанд, чунки дар биноҳои бетонии бисёрошёна, ки қариб аз системаи умумии гармидиҳӣ маҳруманд, офтоб ягона манбаи гармист. Худи ў имрўз дар бинои прокуратура палтояшро аз тан бурун накард. Модоме, ки дар чунин як идораи муҳташам қувваи гармӣ нест, вой бар ҳоли онҳое, ки дар ошёнаҳои баланди шаҳр зиндагӣ доранд. Нурҳои офтоб, ки қариб ба ғуруб рафта буданд, вале аз паси пардаи ҳарир вориди қаҳвахона мешуданд, таъсире надоштанд.
Дар танҳоӣ боз дафтари хотироти муфаттиш варақгардон шуд. Вақте ки Гулбарг Амон гуфт, ки дар ҳолате шавҳараш он қасри коширо фурўхт, то забони онҳоеро ки ўро баҳри айши яклаҳзаина муттаҳам созанд, бубандад, банда қабат– қабат гўшт гирифтам, муфаттиш ўро аз ақл бегона пиндошт ва чун бо асли ҳодиса огоҳ шуд фаҳмид, ки аз ҷиҳати рўҳӣ ҷавонзан солим аст.

пешина
аз 558
навбатӣ