Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Маро худи Анори Зокир даъват кард?
– Кай?
– Соати 2120 ё 2130 дақиқа.
– Баъд чӣ шуд?
– Ман ҳамоно ба ҷойи вохӯрӣ шитобидам, вале...
– Чаро хомӯш шудед?
– Ман ба таксие нишаста, ба манзили Анор шитофтам. Дар рӯ ба рӯйи бино фаромада аз роҳ гузаштан хостам, ки касе номамро гирифта ҷеғ зад. Ба тарафи овоз гашта як шиносамро дидам.
– Ному насабаш?
– Алик.
– Насабаш?
– Ҳусайни Абдул.
– Гап занед мо гӯш мекунем.
– Ӯ маро ба ҷону ҳолам намонда ба автомашинааш шинонд. Мо ба тарабхонаи «Вахш» рафтем. Дар он ҷо то соатҳои
23 мондам. Чун дар ин муддат касе тариқи телефон бандаро суроғ накард, каме ҳам бошад осуда шудам. Сипас баробари аз тарабхона баромадан аз нав хоҳиши Анорро ба ёд овардам ва ба таксие нишаста ба он ҷо рафтам...
– Боз чӣ?
– Чун ба ошёнаи нуҳум баромадам бо ангуштам ба дари фулодин оҳиста – оҳиста нохун задам, вале касе ба истиқболам наомад.
Хостам аз ҳамон майдонча поён фароям, вале ҳангоми бозгашт чашмам ба дар бархурд ва дилам фишурда шуд. Ба чашмони худ бовар накардам. Охир дар кушода буд. Ман ҳамоно пас гашта дарро ба тарафи худ кашидам...
Дар кушода шуд.
Ман бе ягон истиҳола вориди хона шудам ва чун дари меҳмонхонаро кушодам мӯйи баданам рост шуд...
– Сабаб?
– Шумо ҳамаашро медонед. Охир касе тирро ба пешонаи раис ҷо карда буд. Ман дасту по хӯрдам ва қафо баргашта, бо рӯймолчаам нақши ангуштони ба дар мондаамро тоза карда, аз зинаҳо ба поён давидам. Дар байни ошёнаи шашуму панҷум бо шумо (ӯ бо ангушташ ба тарафи ман ишора кард) ва Анори Зокир рӯ ба рӯ омадам...

пешина
аз 515
навбатӣ