Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд ба ин васила ӯ Анори Зокирро на танҳо дар чашми умум, балки дар назари банда ҳам бад кардани шуд.
Эҳтимол ҳамин хел ҳам бошад, вале банда он қадар гулу гумроҳ ҳам нестам. Асп, шамшер ва зан моли он касе ҳастанд, ки дар айни вақт дар дасти ӯянд ва аз ҳамин лиҳоз Анори Зокирро ҳам гунаҳкор кардан аз рӯйи инсоф нест. Эҳтимол боз ӯро фардо ё пас фардо сари роҳаш марди дигаре аз пеш ояд.
Баъди сари мо ӯ донаду ҳар хору хасе...
Бобур Фаррух кушиши зиёде ба харҷ дод, ки аз худ мӯсичаи бегуноҳ тарошед, вале тафтишот нисбат ба вай он қадар далелҳо гирд оварда буд, ки баъди ҳуҷуми на чандон тӯлони ӯ шикасти худро эътироф намуд. Аввалин зарбаро ба ӯ худи Мунфиза Шокир зад. Ӯ ҳангоми шиносоӣ киллерро дар байни чор нафари чун худаш шинохт. Дар рӯ ба рӯяш гуфт, ки он панҷ ҳазор долларро дар куҷо ва чӣ тавр ба вай дод. Маҳз ҳамин ҳуҷуми аввалин рӯҳияи ӯ бишикаст ва шояд нафрати вайро ба ҷинси латиф бедор намуду Анори Зокирро ҳам бадгӯйи кард, ё кӣ медонад...
Сареву савдое...
Дар ин шуру шари дунё чӣ хаёлҳое ба сари одамӣ меояд.
Баъди ба санади шикастхӯрӣ имзо гузоштан Бобур Фаррух гуфт, ки дар назди майдони Варзишгар объектро ки аз ахлотқуттӣ коғазпечро гирифт дид, вале бо амри супоришдиҳанда сараввал бо ӯ кордор нашуд. Тахминан баъди бист дақиқа объект, ки боронии сафед дошт ба ҳамин самт ҳаракат кард ва супоришдиҳанда фикри охирини худ бигуфт.
Бобур Фаррух ҳатто инкор накард, ки супоришдиҳанда субҳи рӯзи дигараш омада маблағи худро талаб намудааст ва ҳамаи инро сабаб он будааст, ки нафари дигаре ҳадафи тири вай қарор гирифта, дар ин ҷода Тӯфон худи Мунфиза Шокирро гунаҳкор кард. Ӯ ҳамчунин инкор накард, ки ба ҷанозаи Беназир рафта буд ва ба чунин амал даст заданаш ин ҳамон хатое буд, ки ба қавли худаш дар ҳаққи одами бегуноҳ раво дид ва ин амали худро ба чанориён чун нишони эҳтиром нисбат ба оне, ки шаҳди маргро ба ҷойи дигар кас нӯшид, баён кард.
– Чӣ тавр дар нисфи шаб, дар ҷойи ҳодисаи дуюм пайдо шудед? – пурсид муфаттиши прокуратура.

пешина
аз 515
навбатӣ