Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Яъне ки шумо дар ҳодисаи мазкур худро гунаҳкор намеҳисобед?
– Намеҳисобам.
– Ба андешаи шумо чаро Анори Зокир шуморо даъват намуд?
– Намедонам, вале вақте ман аз он кас пурсидам ӯ ҳамон даъвати бандаро инкор кард.
– Чӣ хел инкор?
– Гуфт, ки ӯ ҳамон шаб умуман ба ман занг назадааст ва дар он ҷо байни ошёнаҳои панҷум ва шашуми бино бандаро дида ҳатто шиносиашро бо ман инкор кардааст.
– Набошад ки шуморо ба он маҳфил ҷеғ зад?
– Гуфтам – ку овозаш ба овози Анор монанд буд. Хоҳиш кард, ки ҳарчи тезтар ӯро хабар гирам, вале мутаассифона банда қариб ду соат дер намудам.
– Чӣ ҷойи таассуф.
– Ҳақ ба ҷониби шумост.
Бобур Фаррух гуфт тапончаеро, ки тариқи он панҷ ҳазор доллар ба даст овард, баъди анҷоми амалиёт ба руди Душанбе партофтааст.
Ба суоли муфаттиш, ки ӯ он тапончаро аз куҷо дастрас намуда буд, посух гуфт, ки он охирин нишонаест аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки вайро аз соҳили дигари Ому ба ивази як деги калон дастрас намуда буд.
Дар ҳоле ки банда аз ҷой бархеставу нияти бо муфаттиш худоҳофизӣ намудан доштам Фурӯғ бо ишораи дасташ бандаро боз лаҳзае боздошта, аз сейф чанд коғазеро бурун оварда ба сӯям дароз намуд.
– Ин чӣ?
– Хулосаи ташхиси баластикӣ.
– Ба фикрам ман алакай бо ин шинос шудагӣ.
– Танҳо бо ҳаминаш не, хоҳиш мекунам, онро аз назар гузаронед.
Ман ба қироати он коғази безабон, ки ифшогари ҳама гуна муаммоҳои ба сарамон омада буд пардохтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор