Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳафтае пас телефонаш занг заду ӯ тугмачаашро пахш намуда, гӯш ба қимор шуд.
– Шояд ман худамро аз ошёнаҳои боло ба поён ҳаво диҳам.
– Ин хел нагӯед.
– Ман айнан чунин хоҳам кард, рафту агар ба худкушӣ даст занам аз ошиёнаҳои боло ба поён парвоз хоҳам кард...
Дар тарафи муқобил ба гуфтугӯ нуқта гузоштанд.
Гуд, гуд, гуд...
Худоё, худаш чӣ гап! Охир он ҷо на танҳо овози Фариза, балки садои ман ҳам буд, зери лаб ғунгос зад Салим.
Тамоми рӯз ӯ ҷой нишасти худ наёфт. Охир он садо аз гӯр не, балки аз бойгонӣ буд, аз бойгони нафаре, ки мақсаду маромаш шантаж намудани ӯст.
Пас ӯ кист?
Ба ин суол ӯ на он рӯз ва на тайи як ҳафтаи дигар посух ги-рифта натавонист, вале баъди як ҳафта дар ҳамон вақту соат касе занги дарро пахш кард ва худ баҳри кушодани он рафт.
Чун дарро кушод лифофае, ки то ин лаҳзаҳо ҳамоил пушти дар буд «баҳри таъзим» пеши пояш фуруд омад ва ӯ лифофаро бардошта ба хона даромад. Чун лифофаро кушод ҳуш аз сараш парид. Дар дохили лифофа аксҳои урёни худ ва Фаризаро дид...
Ҳафтае боз хомӯшӣ ҳукумфармо шуд. Оне ки ӯро бо ин амалҳои худ қариб девона карда буд, боз ба даҳон об гирифт…
Моҳе пас дар пеши меҳмонхонаи «Душанбе» ӯ дугонаи Фаризаро дид ва хост самти ҳаракати худро дигар созад, вале худи духтар низ ба ҳамон самт ҳаракат кард.
– Нашинохтӣ? – дар рӯ ба рӯйи ӯ қарор гирифта пурсид духтар.
– Чеҳраатон шиносӯ...
– Ман Беназир.
– Акнун шинохтам.
– Он чӣ коре буд, ки нисбат ба Фариза раво дидӣ?
– Ба Худо ман гуноҳе надорам.
– Медони аз рӯйи ту шуда Фариза чӣ кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор