Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман ба хонаи онҳо хостгор фиристодани будам, вале...
– Шояд ба милиса равем ва ҳамаашро иқрор шавӣ?
– Худаш чӣ гап, чаро ба милиса мерафтед? – шунид ӯ овози занонаеро ва сар ба тарафи овоз гардонида, дар рӯ ба рӯйи худ дугонаи дигари Фариза Сулҳияро дид.
Ба пиндори Салим Ворис нисбат ба Беназир Сулҳия духтари ботамкинтар будааст. Онҳо ҳар се суҳбаткунон то пеши «Почтаи марказӣ» рафтанд ва дар ин муддат Сулҳия тавонист ба қиссаи ӯ коғазчаеро гузорад...
Бегоҳӣ ӯ бо ҳамон рақам занг зад ва ҳарду ҳамроҳи Сулҳия дар пеши тарабхонаи «Авесто» вохӯрданд...
Шабро ӯ ҳамроҳи Сулҳия рӯз кард ва аз рафти воқеаҳои ба сари Фариза омада огоҳ шуда, бо ҳарду дасташ сарашро дошт. Ӯ фаҳмид, ки ба ҷуз муросо бо ин духтари шайтон дигар илоҷе надорад...
Ду сол пас тақдир ӯро бо Беназир аз нав рӯ ба рӯ намуд.
Беназиру Салим қариб дар як вақт ба ШКД – и ноҳияи Гулистон ба кор омаданд.
Аз ҳуҷуми боди сарди шабона сарам ба дард омаду тирезаро пӯшидам ва бо ин васила қисме аз лашкари аҷнабиёнро дар муҳосира мондам. Дузду ғар номарданд гуфтани мардум бесабаб нест ва Салим ҳам ба пиндори кунунии банда чунин фард буд. Эҳтимол ӯ ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки вақте ки шахс хусусан зан ба худкушӣ даст мезанад, пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи тафтишот ба номуси вай нигаронида мешавад ва ташхиси тиббӣ ҳамин нуқтаи назарро мавриди таҳлили аввалаи худ қарор медиҳад. Рафту агар чунин ҳолат дар вақти муоинаи тиббӣ ба Фариза рух медод, ҳаргиз парвандаи ҷиноиро аз рӯйи факти ба худкушӣ даст задани ӯ бо осонӣ қатъ намекарданд. Ҳамин ҳолатро истифода бурда Сулҳия ва Беназир аз кайк баҳри пустини худ пуст канданӣ шуданд.
Модари Фариза Бунафшаи Дороб кушоду равшан гуфт, ки сабаби ба худкушӣ даст задани духтараш дар чист ва бечора модари зор аз куҷо медонист, ки дугонаҳои бешарафи духтараш чӣ саҳнаеро аз марги Фариза баҳри манфиатҳои худ тайёр намудаанд. Сулҳияву Беназир ҳатто аз марги дугонаашон бахт ҷӯстанд бехабар аз он ки бо ин амали нопоки худ ғазаби Парвардигори Оламиёнро бедор карданд.

пешина
аз 515
навбатӣ