Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман чизеро дар ёд надорам ба ҷонам қасам, ки ман чизеро ба ёд надорам.
– Набошад ман маҷбур мешавам, ки барои ҳимояи номуси худ ба милиса муроҷиат намоям.
– Ба милиса?
– Ҳа, ба милиса, ё худат мефармойӣ ки рост ба прокуратура равам.
– Не, не, илтиҷо мекунам, андеша намоед.
– Ва ин суханро худат мегӯйӣ?
– Ҳа ман.
– Дишаб ман вақте илтиҷо намудам, чаро гӯш накардӣ?
– Ба Худо, ки чизе дар ёдам нест.
– Гумон дорӣ, ки банда бовар мекунам.
– Қасам ба ҷонам, ки ягон чиз дар ёдам нест.
– Камтар нӯшидан лозим буд.
– Ҳамааш аз касофати ҳамон арақи сабилмонда.
– Яъне ки худат гуноҳе надорӣ? ашки чашмонашро пок карда истода пурсидааст духтар.
– Ман ин хел нагуфтам.
– Шояд ман худамро аз ошёнаҳои боло ба поён ҳаво диҳам.
– Ин хел нагӯед.
– Ман айнан чунин хоҳам кард, рафту агар ба худкушӣ даст занам, аз ошёнаҳои боло ба поён парвоз хоҳам кард.
– Илтиҷо мекунам, чунин фикрҳои ботилро аз сар дур намоед.
– Пас аз оне, ки имшаб ту чун ваҳшӣ домони банда олуда сохтӣ, ман чӣ кунам, канӣ гап зан, чӣ кунам, аз гиребони вай бигирифт духтар ва ашки надомат рехт.
– Ман ба хонаи шумо хостгор мефиристам.
– Кай?
– Баъди як ҳафта.
– Се рӯз ба худат муҳлат рафту хостгорҳо наомаданд, аз худат гилла намо...
Дар се шабонарӯз фиристодани хостгор ба ӯ муяссар нашуд ва субҳи рӯзи чаҳоруми шиносоӣ дар тарабхонаи «Бону» Салим шунид, ки Фариза худро аз ошёнаи панҷум ба поён партофтааст...

пешина
аз 515
навбатӣ