Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҷӯраи шаҳ ҷӯраҷон.
Майдона холӣ намон:– мефаҳмӣ?
– Набошад ба паҳлуи шоҳбача рав.
– Не ман намеравам.
– Чӣ хел намеравӣ?
– Ҳамин хел оддӣ.
– Бовар намекунам.
– Сухани мард як то.
– Ух ты.
– Гуфтам, сухани мард як то.
– Ман танҳо не.
– Медонам.
– Чиро?
– Он чӣ ки худат танҳо не.
– Майлаш, акнун ба назди ҷӯраат рав.
– Беҳтараш ман худатро гусел мекунам.
– Гуфтам – ку ман танҳо не.
– Шояд маро бо онҳо шинос намоӣ?
– Ба сифати кӣ?
– Метавонӣ гӯйӣ, ки ин кас язнамуллоятон.
– Ин суханро ман гуфта наметавонам.
– Агар зид набошӣ ман худам мегӯям.
– Чӣ мегӯӣ?
– Ҳамаашро он ҷо хоҳам гуфт.
– Ихтиёрат.
Салими сархуш дар ҳамон ҷо рози дили худ бигуфт ва ба ин муносибат боз чанд қадаҳе ба гулу рехт.
Чӣ хеле ки худи Салим дар нишондодаш оварда буд, дигар чӣ шудаасту чӣ не ӯро дар ёд набудааст. Сари субҳ вақте, ки чашм кушодааст худро дар манзили бегонае паҳлӯи ҳамон париваш дида. Духтарак дар ҳолати нимурён зонувонашро ба оғӯш гирифта ашк мерехт ва ба бахти бади худ лаънат мехонд.
Салим иқрор шудааст, ки аз он манзараи ҳузновареро пештар надида будааст. Ӯ яку якбора ҳушёр шудааст ва чӣ тавр ба он манзил афтиданашро пурсидааст, вале...
Духтар сухане ба забон наоварда ҳамон пероҳани даридаи дар танаш бударо ба рағми тамошои вай гузошта...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор