Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Оби дари хона лойолуд нест...
Модоме ки чунин аст.
Пас вайро ҳам гулмоҳиест, ки аз он моҳии афсонавӣ кам не...
Беҳуда мо давидем, беҳуда...
Хат ғалат маънӣ ғалат, имло ғалат, иншо ғалат.
Санг ҳам ин ҷо, сангшикан ҳам ин ҷо нидо омад, аз қалбам.
Ба фикрам ҳамин хел аст зери лаб бигуфтам ман.
Саргузашти пурсузу гудози Салим Ворис дар монитори хотирам боз рӯйи саҳна омад...
Се сол пеш он вақт Салим дар курси чоруми донишгоҳ мехонд дар маросими ақди никоҳи ҳамсабақи мактабиаш Самад чун шоҳид аз тарафи шаҳ иштирок намуд. Баъди сайругашт ва гулгузори дар пояи муҷассамаи Абўабдуллои Рӯдакӣ навхонадорон Самад ва Саодат он бегоҳи якшанбе дар тарабхонаи «Бону» базми бошукӯҳе оростанд.
Ҷӯраи шаҳ ҷӯраҷон,
Майдона холӣ намон.
Рақс куну бозӣ кун,
Шаҳбачара розӣ кун:–
нақароти умумии сурудҳои ҳофизи оншаба буд ва ҳамин мисраҳоро Салим Ворис ба дил бисёр наздик қабул кард ва лаҳзае саҳнаро тарк накард.
Ҳангоми рақс ӯ бо духтараки паричеҳрае шинос шуд.
– Номи ту чӣ?
– Фариза.
– Номи ба соҳибаш арзанда.
– Наход.
– Ба ҷонам қасам.
– Ба фикрам ба дигарон ҳам ҳамин суханонатро гуфтӣ.
– Не.
– Пас чаро бо онҳо рақс кардӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор