Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чӣ гӯям.
– Росташро.
Ман муфаттишро аз рафти баҳси худ бо Воҳид Камол дар атрофи нишондоди Беҳрӯз Ниёз огоҳ намудам.
– Салим Ворис ҳам аз он задухурд огоҳ аст, вале ба ақидаи вай ҷанҷоли Норматов ва Бобур Фаррух решаҳои дигар дорад.
– Ман бошам ба нишондоди Беҳрӯз Ниёз бовар намудам.
Муфаттиш аз ҷой бархеста аз сейф протоколи пурсиши Салим Ворисро гирифта, ба дасти ман дод.
Баъди шиносоӣ бо нишондоди ҳамкорам ман муддате сухан ба забон оварда натавонистам...
... 43 ...
Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, банда мижа таҳ карда натавонистам. Гӯё шаб нею қарне буд. Андешаҳои ботил чун занбӯри асал дунболгирам шуданд. Бистари гармро тарк намуда, курпаро болои китфони Наталя Василевна кашидам ва худ нуг – нуги по аз ҳуҷраи хоб берун шудам.
Тирезаи ошхонаро кушода курсиеро паси он гузошта нишастам. Боди сарде, ки пушти тиреза камин гирифта омодаи ҳуҷум буд аз ҳамин ҳолати муносиб истифода бурда, ба ҳуҷум гузашт ва сару рӯйи бандаро палмосида бо ҳамон суръат дар самти фронт гузашта рафт... Аз ҳамин ҳуҷуми ногаҳонӣ чашмони аз бехобӣ ба дард омадаи ман каме кушода шуданд, вале... Табиати афсунгар бо ҳама сеҳру ҷодуяш на танҳо чашмони маро кушод, балки ба ҷисму ҷони рақибонам ҳам тобу тавони нав ато намуд.
Бегоҳӣ ҳангоме, ки дар ҳузури Воҳид Камол ба нишондоди аз соҳилҳои Денстр19 фиристодаи Беҳрӯз Ниёз шинос шудам гумон намудам, ки моҳии тилло дарёфтам, вале...
Баъди шиносоӣ бо нишондоди Салим Ворис он моҳии аз соҳилҳои дур ба даст омада, бо талоши на чандон зиёде аз дасти мани лолу ҳайрон худро раҳо сохта, ба руди зебои ин диёр ғуттае зад ва лаҳзае пас банда ҳатто нақши ӯро дар оби он руди шӯх надидам. Ҳайфи ҳама он даву тозҳои мо. То ба соҳилҳои Днестр дастак задему боре ҳам ба гӯшаи хотир нао-вардем, ки...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор