Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто Бунафшаи Дороб акси он марди мӯйлабдорро шинохта гуфт, ки ӯ дӯсти Алик ном нашъаҷалоб аст, вале Анори Зокир вайро дар ду қадам нашинохт.
Ҳамон манзарарро ман боз пеши назар овардам. Дар байни ошиёнаҳои панҷуму шашум марди тахминан сӣ сиюпанҷсолае, ки мӯйлабҳои ғафси сиёҳ дошт ва ришаш нотарошида буд, бо мо рӯ ба рӯ шуда, дасташро пеши бар гирифта, салом доду ба поён рафт. Ман аз Анор пурсидам, ки ӯро шинохтед?
– Не,– гуфт.
– Пурсидам, ки дар ин бино зиндагӣ намекунад?
– Посух гуфт, ки ӯро бори аввал мебинад.
– Чаро ӯ нагуфт, ки ин кас шиноси ман аст ва ду се ҳафта пештар ба хотири муҳаббати банда сару рӯйи нафареро чун хурусчӯҷа зада хуншори хун кард ва чаро...
Оне, ки ишқи ҷавонзанро дар дилаш маскан додаст, бандаро дар ними шаб ҳамроҳи ӯ дида, ба хотири муҳаббаташ чорае наандешид...
– Чаро?
Ба рости ба ин суол посух наёфтам, вале боз суханеро аз каломи мардуми ба ёд овардам: – Сад макр кунад шайтон, шогирди занон бошад...
Сари ҳамин андешаҳо ман пой бар остонаи дафтари кории Фурӯғи Шариф мондам.
– Чанд бор ба дафтари кориатон занг задам, вале касе ҷавоб надод, сипас ба навбатдор занг задам ва фаҳмидам, ки дар ҳузури Воҳид Камол будаед. Он кас гуфтанд, ки сари масъалае баҳс доред, аз ин рӯ банда шуморо ба қавле аз чанголи вай халос кардан хостам, ё нодуруст рафтор намудам,– гуфт муфаттиш.
– Не, дуруст. Аслан, ин бори якум нест, ки шумо маро даст мегиред.
– Дар ёдам нест.
– Бори аввал маро аз чанголи Шукрихудоев раҳо сохтед ва боз имрӯз...
– Чӣ ягон гап шуд?
– Воҳид Камол аз Молдава нома гирифтааст.
– Магар ин бад аст?

пешина
аз 515
навбатӣ