Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба замми ин худи раис монеъ шудааст, ки дӯсташ (Беҳрӯз дар назар аст) ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд. Дар як ҳафта Маликов аз хонаи Беҳрӯз Ниёз набаромадааст. Аз нишондоди Беҳрӯз Ниёз бармеомад, ки ҷанҷол танҳо ба хотири муҳаббат сар зада, вале банда ба хулосае омадам, ки дар он муноқиша аҷаб нест боз нимкосае зери коса набошад...
– Ба ҳамаи ин чӣ мегӯед?– баробари коғазҳоро болои миз гузоштанам пурсид Воҳид Камол.
– Ба ростӣ ҳеҷ чизро намефаҳмам.
– Барои ҳамин ҳарчӣ тезтар Анори Зокирро ба ин ҷо биёред ва на танҳо биёред, балки ӯро боздошт намоед.
Ман хостам эътироз намоям, вале телефони болои мизи сардор садо доду муҳри хомӯшӣ ба лаб задам.
– Абдумаҷидов?
– Ҳа, он кас ҳамин ҷо. Мо сари ҳамон масъалаҳо баҳс дорем. Майлаш интизор шавед.
– Ба фикрам овардани Анори Зокирро ба души Наврӯз Умар мегузорем, шумо бошед худи ҳозир ба назди муфаттиши прокуратура равед!
– Хуб шудааст,– гӯён ман аз ҷой бархестам.
Тамоми роҳ то бинои прокуратура ман сари нишондоди Беҳрӯз Ниёз ва суханони Анори Зокир андеша намудам.
Мавҷи андешаҳо он қадар тез буд, ки ҳар як лаҳза маро аз соҳиле ба соҳили дигар мепартофт.
– Шояд бандаро зани сабукпой пиндори ба ёд овардам суханони Анорро.
– Фикриҳои ботилро аз сарат дур кун.
– Ба рости дар ҳайёти банда ба ҷуз падари Шаҳром боз се мард пайвастагӣ доранд. Ду нафарашро шумо медонед ва сеюмаш ана ҳамин раис буд...
– Бовар кардам зери лаб ғунгос задам ман, вале намедонам чорум мардаш аз куҷо пайдо шуд ва акнун банда бовари кулли ҳам надоштам, ки мардони панҷуму шашум ҳам пайдо нашаванд. Баъзеҳо бошад ақидаи онро доранд, ки ба як сар як тоқӣ басанда аст. Раведу аз Анори Зокир бипурсед, ки оё барои як сар як тоқӣ кифоя аст...

пешина
аз 515
навбатӣ