Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ман намедонистам ӯро чӣ фикру хайёле дар сар аст, вале медидам, ки фаввораи дуди аз даҳону бинии мо баромада, дар фазои дафтари корӣ бо ҳам омехта шуда, чун нишоне аз «ҳамдилии» мо фазои то кунун тозаву озодаро ғуборолуд карда истодааст.
– Акбар Ҳакимович худи ҳамин шаб пешхизматро боздошт намуданатон лозим.
– Кадом пешхизамтро?
– Анори Зокирро.
– Барои кадом гуноҳаш.
– Ӯро биёред, баъд ҳамаашро мефаҳмед.
– Бе асос ман чӣ хел ӯро боздошт намоям.
– Танҳо ӯ медонад, ки Тӯфон дар куҷост ва ба хотири анҷоми неки кор мо бояд ӯро боздошт намоем.
– Ман ҳеҷ шуморо нафаҳмида истодаам.
Воҳид Камол ба ҷойи он ки ба суоли банда посух гӯяд аз ғаладони мизи кориаш чанд коғазеро бароварда, ба дасти ман дод.
– Ин чӣ?
– Нишондоди Беҳрӯз Ниёз.
– Инҳоро кай гирифтед?
– Соате пештар. Марҳамат шинос шавед.
Ҳар он чӣ ки банда хондам ба ақл рост намеомад, вале ба ҳамаи он нишондод бовар кардан лозим меомад, чунки он ҳама дар бланкаи махсусе, ки шомили РКД шаҳри Кишнёви Ҷумҳурии Молдава буд, дарҷ шуда ва нишондоди Беҳрӯз Ниёз чун замима ба номаи ҷавобии сардори раёсати мазкур полковники милиса Бодюл А.В омада...
Дар нишондод омада буд, ки шаби 28 – ум ба 29 – уми январ дар хонадони ҳамсояи ӯ Анори Зокир байни дӯсти вай Маликов Файзиддин Сафолович ва Тӯфон ном шахс, ки аз рӯйи гуфти соҳибхона Анори Зокир шиноси қадимаи ӯ будааст, аз рӯйи муҳаббат ба соҳибхона муноқиша сар задааст, ки дар натиҷа ҳарду тараф ҳам аз осори лату кӯб зарари ҷисмонӣ гирифтанд, вале тарафҳо на ба беморхона ва на ба милиса муроҷиат накардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор