Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун бармен дар бораи Тӯфон дигар ягон хабаре, ки дорои аҳмият барои тафтишот бошад надод, банда ба хулосае омадам, ки боз як маротиба бо Анор вохӯрда, сари ҳамин масъала суҳбат намоям. Ман итминони комил доштам, ки Бобур Фаррух беҳуда ба тарабхонаи «Кайҳон» намерафтааст ва модоме ки тарабхонаи «Кайҳон» ба қавле ҷойи буҷилбозиаш гашта будааст, пас нисбат ба тарабхонаи мазкур ӯро дилбастагие будааст.
Чунин дилбастагиро ба ҷуз зан дигар кӣ ҳам метавонист фароҳам овард. Сари ҳамин масъала банда боз муддате майна об кардам ва ногоҳ болои акси Анор хати батлон кашидам.
Ҳарчанд ман нисбат ба Анори Зокир бетавофут набудам, вале баъди андешаҳои зиёд ба хулосае омадам, ки аз ин амал некиеро интизор шудан нашояд ва дар интиҳо аз вохӯрӣ бо Анор худдорӣ намудам...

... 42 ...

Бегоҳӣ ҳангоме, ки дар тараддуди хонаравӣ будам, навбатдор Ҳамроҳ Қаюм бандаро тариқи телефон ба назди сардори ШКД даъват кард. Дилу бедилон ба ошёнаи якум фаромада, ба дари дафтари кории сардор ангушт задам.
– Марҳамат дароед,– гуфтани Воҳид Камолро шунида дарро кушодам.
– Хуш, дар бораи Бобур Фаррух ягон хабаре ёфтед? – пурсид Воҳид Камол дар ҳоле ки ман ҳанӯз остонаи дари дафтари кориашро убур накарда будам.
– Не.
– Бармен чӣ мегӯяд?
– Ӯ қариб, ки ҳеҷ чизро намедонад.
– Марҳамат, гузашта шинед,– курсиеро нишон дода гуфт сардори ШКД.
Ҳарчанд ман тамоми рӯз аз сари мизи кориам барнахеста будам ва акнун майли нишастан ҳам надоштам, сухани сарвари идораро шикаста натавонистам. Чун ба курсӣ нишастам, Воҳид Камол аз қуттии «Кайҳон» – и дар рӯйи мизи кориаш буда як дона тамоку гирифта, ба лаб бурд ва сипас қуттиро ба ман пешниҳод намуд, то ӯро дар ин кори «хайр» ҳамроҳӣ намоям.

пешина
аз 515
навбатӣ