Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Напурсидед, ки бо кадом сабаб.
– Не.
– Аминам, ки аз он даҳ сомон рӯй нагардонидед?
– Ман гуфтам, ки пул лозим нест, вале ҷавонзан онро аз болои пештахта бар нагирифта, ба тарафи толор рафт.
– Баъд чӣ шуд?
– Ман дидам, ки онҳо суҳбат доранд. Дигар чӣ шуд, ман намедонам.
– Дар куҷо будани Тӯфонро ҳам намедонед?
– Намедонам.
– Рафту агар огоҳ шудед, ки ӯ дар куҷо зиндагӣ дорад ба мо занг занед. Танҳо бо ҳамин амал метавонед гуноҳи худро каме сабук созед.
– Агар ман мефаҳмидам, ки он ҷавонзанро чунин мақсад аст, ҳаргиз Тӯфонро ба вай нишон намедодам.
– Акнун раведу андеша намоед, ки чӣ тавр дар хуни нафаре дастони худро олуда намудед.
Баъди рафтани Оқил Ибод (барменро чунин ному насаб буд) ман боз байни чор девори бетонӣ танҳо мондам. Соате пештар, вақте ки Оқил Ибодро оварданд ман ба муфаттиши прокуратура занг зада, ӯро аз омадани бармен огоҳ сохтам.
– Акбар Хакимович ҳамин лаҳзаҳо ман овардани Салим Ворисро интизорам ва на танҳо ман.
– Ба фикрам шефатон ҳам бо вай суҳбат кардан мехоҳад, ё гапам нодуруст?
– Ҳа, шеф талаб намудааст, ки вайро ба наздаш биёранд.
– Набошад ман чӣ кор кунам?
– Хуб мешуд, ки барменро мепурсидед!
– Тамом?
– Суҳбат боқӣ гӯён Фурӯғ гӯшакро ба ҷояш гузошт ва банда ба хулосае омадам, ки прокурор ӯро ба наздаш хонд.
Ҳатто баъди рафтани Оқил Ибод ҳам ман ба муфаттиш занг назадам, чунки ба гумон буд суҳбати вай ва шефаш бо Салим Ворис анҷом ёфта бошед. Охир Салим Ворис гумонбаршуда аст ва натанҳо гумонбаршуда, балки ӯ милиса аст ва маҳз ба ҳамин хотир таваҷҷӯҳи прокурорро бедор намудааст. Афсӯс, ки ҳамин чизи оддиро худи Салим дарк накард ва агар мефаҳмид, ки нигоҳи сарнозири қонун ба милиса чун гург ба рамма аст, шояд андеша мекард.

пешина
аз 515
навбатӣ