Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Оне ки ба суроғи номи Тӯфон омада буд, ба ман як ангуштаринро пешниҳод кард. Гумон кардам, ки ӯ ҳам аз ёру дӯстони Тӯфон аст.
– Чӣ хел аз ёру дӯстонаш, ки ному насабашро намедонад.
– Шояд шумо маро дуруст нафаҳмидед.
– Чияш нофаҳмост аз он чӣ ки шумо гумон кардед?
– Ман гуфтанӣ будам, ки шояд он ҷавон ҳам чун худи Тӯфон аз дорулахлоқ омадааст ва бо супориши касе бо Тӯфон нияти шинос шудан дорад.
– Магар бе мақсад кас барои як ному насабро гирифтан ангуштарини худро пешниҳод мекунад.
– Гумон кардам, ки вай он ангуштаринро аз куҷое муфт ба даст овардааст.
– Чӣ гумони ботиле.
– Охир ман аз кӯҷо медонистам.
– Агар бо онҳое, ки ба суроғи Тӯфон омада буданд, рӯ ба рӯ оед, чӣ мегӯед.
– Чӣ ҳам мегуфтам он чӣ ки бо шумо гуфтам.
– Ному насаби Тӯфон?
– Бобур Фаррух.
– Суроғааш?
– Намедонам.
– Ӯро аз куҷо мешиносед?
– Пештар дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекард. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қумандони саҳроӣ буд. Барои ночиз коре додарарӯсашро ба қатл расонд, вале авф шуд. Баъдтар боз чӣ ҷинояте кард ва ҳабс шуд.
– Чӣ хел ҷиноят?
– Ба фикрам ӯро бо маводи нашъадор дастгир намуда буданд.
– Ба фикратон ё аниқ?
– Ба фикрам ҳамин хел буд.
– Бори охирин кай ӯро дидед?
– Ҳамон вақте ки ман вайро ба он ҷавонзан нишон додам.
– Нагуфт, ки чаро Тӯфон ба ӯ лозим шудаст.
– Не, ӯ даҳ сомон пеши ман гузошта гуфт, ки бо Тӯфон шинос шудан мехоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор