Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Худи ҳамон бармен. Ӯ як марди паҳлавонҷӯсаест, ки агар ба девор мушт занад, девор меафтад. Ба ростӣ ман ҳеҷ боварие надоштам, ки вай ному насаби «Туфон» – ро медонад, вале чун он ангуштаринро ба пешаш гузоштам, чун мум мулоим шуд.
Рост гуфтаанд, ки «пора санги хорроро об мекунад». Қиммати зар заргар бидонад ва бармен ҳам қиммати он ангушттаринро нағз фаҳмид.
– Шумо бо амалҳои худ дар ҷинояти мазкур ҳамиштирокчӣ ҳисоб мешавад ва новобаста аз ҳама ҷаҳду талошҳоятон мо маҷбур мешавем, ки аз ҳамин лаҳза шуморо боздошт намоем.
– О, ман чӣ гуноҳ дорам. Баръакс ба шумо ёри додам.
– Шумо ба мо не ба Мунфиза Шокир ёрӣ додед, то ӯ қасд ба ҷони дигаре намояд ва ҳаминаш кифоя аст, ки мо шуморо чун ҳамиштирокчӣ дар ҷиноят эътироф намоем.– гуфт муфаттиш ва протоколи боздошти вайро имзо намуд...
... 41 ...
– Охир ман аз куҷо медонистам, ки вайро чӣ мақсадест.
– Бовар мекунем, вале бигӯед, ки дар рӯзҳои наздик боз кӣ ба суроғи вай омад.
– Ба суроғи Тӯфон?
– Бале?
– Як ҷавон омада буд.
– Кай?
– Дирӯз бегоҳӣ.
– Ба ӯ чӣ лозим будааст?
– Ному насаби Туфонро донистан мехостааст.
– Аминам, ки шумо ному насаби вайро надодед.
– Ба ростӣ ман намехостам дар ин бора бо вай суҳбат намоям, хайр шумо мефаҳмед.
– Чиро?
– Нафси одамизодро.
– Хуш, бо кадом маблағ он номро гуфтед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор