Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Се моҳ пештар аз дорулахлоқ омадааст. Дар ягон ҷо кор намекунад.
– Ҷойи истиқоматаш?
– Ман намедонам.
– Пештар шумо бо вай шинос будед?
– Не.
– Аз куҷо фаҳмидед, ки ӯ ба чунин амал даст мезанад?
– Дарё бе хасу одам бе кас нест ва баъди ҳодисаи ба сари ману Мунфиза омада, банда ба чанд ёру шиносам бо роҳи пардапӯшона муроҷиат намудам, не аниқтараш шарт кардам, ки дар шаҳри мо «киллер» нест ва мутаассифона шартро бой додам.
– Чӣ хел?
– Нафаре ба ман гуфт, ки агар боварат наояд ба тарабхонаи «Кайҳон» рав ва аз бармен дар куҷо будани «Туфон»– ро пурс.
– Пас шумо, ки ба он ҷо рафтед?
– Не.
– Пас чӣ тавр шартро бой додед?
– Ман Мунфизаро ба он ҷо фиристодам. Ба фикрам ӯ дар як нигоҳ морро аз лонааш берун меорад.
– Бовар мекунем.
– Бармен ба вай «Тӯфон» – ро нишон додааст.
– Пас шумо ному насаби вайро аз куҷо фаҳмидед?
– Чун амалёт шикаст хурд ва шикасти амалиёт бо гуноҳи худи Мунфиза рух дод «Тӯфон» баҳри аз байн бардоштани объекти асосӣ боз даҳ ҳазор доллар талаб кард, вале Мунфиза чунин маблағро наёфт. Мо фаҳмидем, ки дер ё зуд тафтишот то ба худи мо ҳам мерасад, аз ин рӯ баҳри муайян намудани шахсияти «Тӯфон» кушиш ба харҷ додем. Ниҳоят ба ман муяссар шуд, ки ба ивази дусад доллари амрикоӣ шахсияти вайро муайян намоям.
– Кай шахсияти «Тӯфонро» муайян намудед?
– Дирӯз бегоҳӣ. Чун шунидам, ки Мунфизаро боздошт намуданд, ба хотири вай аз як ангушттарини тилло даст шустам.
– Сарчашмаи хабар кист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор