Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Албатта, наметавонем, вале ба хотири дарёфти ҳақиқат маҷбур мешавем, ки...
– Номаш Усмон.
– Насабашро гӯед?
– Ба фикрам номи падараш Халил аст.
– Ҷойи истиқомат ё кораш?
– Дар мағозаи «Ҷавоҳирот» фӯрушанда аст.
– Суроғаи мағоза.
– Мағоза дар маҳалаи шасту панҷум воқеъ гардида аст.
– Марҳамат, нишондодатонро хонда, бо имзои худ дуру-стии онро тасдиқ намоед, – гуфт муфаттиш ва протоколи пур-сиши гумонбаршударо ба дасти Мунфиза Шокир дод.
Чун гумонбаршуда ба протокол имзои худро гузошт, бо амри муфаттиш ҳамон ду милисае, ки вайро оварда буданду то кунун дар долон интизорӣ доштанд, боз вайро пешандоз намуда ба ИВС бурданд...
... 40 ...

Нисбат ба маъшуқааш Усмон Халил ба милиса бо тайёрии пухта омад. Маълум буд, ки ӯ кайҳо аз ҳодисаи ба сари Мунфиза омада огоҳӣ дорад. Ба саволҳои муфаттиши прокуратура, ки дар дафтари кории ман менишаст Усмон Халил бе ягон андешаи зиёдати посух мегуфт. Ба рости ӯ ба ман маъкул нашуд. Рафту агар муфаттиши прокуратура пурсиши вайро дар дафтари кории худаш мегузаронид, ман ҳатто дар он пурсиш иштирок намекардам.
Нисбат ба эроди муфаттиш, ки ӯ бо як амали ноҷойи худ оилаеро вайро намудаву боз нафареро ҳадафи тири қотил қарор дод, чунон посух гуфт, ки аз шуниданаш мӯй баданам рост шуд. Ба ҳар ҳол Усмону Мунира ҳарду меваи як шох буданд. Аз чунин афрод некиеро интизор шудан ба гумон буд. Бо ҳама найрангбозиҳояш Усмон Халил муфаттишро бовар кунонида натавонист, ки ӯ бегуноҳ аст ва баъди ду соати пурсиш ному насаби «Туфон» – ро ба забон овард.
– Бобур Фаррух гуфтед?
– Ҳа, Бобур Фаррух.
– Ӯ чӣ кора аст?

пешина
аз 515
навбатӣ