Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо бовари куллӣ дорем, ки шавҳаратонро на як бору ду бор фиреб додаед ва бо ин амали ноҷойи худ таваҷҷӯҳи онҳоеро, ки аз пайи даромади муфтанд бедор намудаед. Оне, ки шуморо аз пеши тарабхонаи «Тоҷикистон» ба он махзан ё худ «Кохи асрор» бурд, дар бораи шомили кадом қабилаи ҷамъият буданатон медонист. Бояд гӯям, ки шантажист ҳеҷ гоҳ кӯркӯрона амал намекунад.
– Хуш, номи онеро, ки бо супориши шумо баҳри амали намудани нақшаҳоятон даст задааст ба ёд биёред, – гуфтам ман.
– Ному насабашро намедонам.
– Намедонед, ё гуфтан намехоҳед?
– Лақабаш Туфон аст? Дигар дар борааш тасаввурот надорам.
– Бо кадом нарх ӯро дарёфтед?
– Бо панҷ ҳазор доллар.
– Бо тавсияи кӣ вайро дарёфтед?
– Магар ин чандон муҳим аст?
– Албатта.
– Рафту ман ному насаби вайро ҳам надонам чӣ?
– Чунин шуданаш ғайри имкон аст. Албатта, шумо дар ин бора ба касе рози дил намудед ва аз ӯ мадад хостаед.
– Ба фикри шумо дар ин бора ман ба кӣ рози дил карда метавонистам?
– Гумон мекунам, ки бо ҳамоне рози дил намудаед, ки ҳамроҳаш дар ҳарамсаро будед.
– Ман ин хел нагуфтам.
– Вале инкор ҳам карда наметавонед.
– Хоҳиш мекунам, ӯро ба ҳоли худ гузоред.
– Аслан, ёфтани шахсе, ки расмаш дар дасти мост чандон душворие ҳам надорад, вале мо мехоҳем ёрии шуморо ба тафтишот бубинем.
– Ман дигар ба ягон илтифоти шумо эҳтиёҷе надорам.
– Дар он сурат мо маҷбур мешавем, ки баҳри муайян намудани шахсияти оне, ки бо тани урён ҳамроҳи шумост ба ҳақу ҳамсояатон муроҷиат намоем.
– Не, шумо ин корро карда наметавонед.

пешина
аз 515
навбатӣ