Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хеле ки дар суҳбати дирӯза гуфта будем, шумо дар марги лейтенанти милиса Беназири Назир гумонбар дониста мешавед бо овози бурро бигуфт муфаттиш.
– Ман?
– Бале шумо.
– Ман шуморо бовар мекунонам, ки то кунун рангу намуди тапончаро надидаам...
– Мо медонем.
– Чиро?
– Он чиро ки шумо рангу намуди тапончаро надидаед, вале ин ҳанӯз маънии бегуноҳии шуморо надорад.
– Модоме ки чунин аст, пас ман чӣ тавр гумонбар дониста шудам?
– Таҳкурсии ҳама кор ин мақсад аст. Дар содир намудани ҷиноят ҳам мақсад яке аз рукунҳои асосӣ ба шумор меравад. Аз тарси он ки мабодо он рози пинҳонатон ошкор нагардад, шумо ба ҷуброн намудани ҳақи хизмати аксбардор розӣ шудед. Гумон намудед, ки бо ба даст овардани негативи корномаатон ва аз байн бурдани шантажист бар гузашта салавот мегӯед, вале чӣ хеле ки худ шоҳид ҳастед, шантажист бимонду тир қафаси синаи дигаре бишкофт. Дар ин ҷода, албатта, шумо гунаҳкор нестед, чунки оне ки ҳадафи тир қарор гирифт, худ ба истиқболи марг рафт. Дар маҷмӯъ бошад мақсади шумо амали шуд, яъне киллер дар асоси дастури шумо ҳамон нафареро, ки бояд ҳадафи тир қарор медод, сари як тир намуд. Чун шумо аз марги зане, ки ба ҷойи вохӯрӣ бо боронии сафед омада буду он ду ҳазор долларро гирифта, негативу аксҳоятонро ба ахлотқуттӣ гузошта буд, огоҳ шудед, каме ҳам бошад осуда шудед. Яъне шумо на иҷрочӣ, балки супоришдиҳанда дар ҷиноят будед ва мақсади ягонаатон ин забони шахси таҳдидгарро бастан буд.
Мо намедонем, ки бо кадом нарх киллер ба чунин амал даст зад, вале аминем, ки он нархи гаронест. Дар шароите, ки шумо қарор доред, ёфтани даҳ – понздаҳ ҳазор доллари амрикоӣ чандон душвор ҳам нест. Ба ивази меҳнатӣ шабонарӯзии шавҳаратон, ки шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, аз Чин ва Дубай мол меорад, то шумо осудаҳолона зиндагӣ намоед, шумо баръакс дар набудани вай бо марди дигаре ба ҳарамсаро рафтед ва дасту пой худро бе ресмон бубастед...

пешина
аз 515
навбатӣ