Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Модоме ки ӯ худашро эҳтиёт накарда ба варта афтодааст, бигузор аз он варта худаш барояд, чӣ лозим бандаро ба дом афкандан?
– Шуморо нафаҳмидам.
– Спасение утопаюших, дело рук самих утопаюших.
– Салим аз ман хоҳиш намуд, ки паёмашро ба гӯшатон расонам.
– Не, ман ба милиса рафта наметавонам? Агар шумо дӯсти Салим бошед, бояд маро фаҳмед.
– Ӯ ба шумо чӣ гуфтание дорад ва рафту агар шумо ба он ҷо равед банда вохӯрии ҳардуятонро ташкил мекунам.
– Агар наравам чӣ?
– Дар он сурат эҳтимол Салим шуморо чап фаҳмад. Замоне дар тағофул беҳ, ки умре дар пушаймонӣ. Андеша намоед.
– Ин хел бошад, ман розӣ...
Бенавоёнро Худо ризқи ҳавоӣ медиҳад, – гуфтагӣ барин банда бе ягон шуру валвала Сулҳияро ба милиса овардам. Сипас ба ҷойи Салим ҳамроҳи Фурӯғ духтараки то кунун дар зери ҳиҷоб бударо (ӯ ин субҳ ҳам ҳиҷобашро ба сар гирифт) бо Сабзинаву Сайф рӯ ба рӯ намудем ва ҳама дар якҷоягӣ ба он «Махзани асрор» рафтем. Ҳар он чӣ ки аз зери харитаи сиёсии ҷаҳон ёфтем заррае аз ҳазору як корномаи Сулҳия Муродовна буд, вале ҳаминаш ҳам басанда буд, ки ӯро чун сарвари гурӯҳ эътироф намуда, боздошт намоем...
Танҳо дар нимаи дуюми рӯзи шанбе ё худ дуюми моҳи март мо боз Мунфиза Шокирро ба назди худ хондем. Ҳавобаландии вайро дида, қисме аз аксҳояшро, ки ба ягон шарҳу эзоҳ эҳтиёҷ надоштанд наздаш гузоштем.
– Инҳоро аз куҷо гирифтед?
– Аз бойгонӣ.
– Аз бойгонии кӣ?
– Аз бойгонии ҳамоне, ки шумо ва дӯстатонро ба объектив ҷо додааст. – Ҳа, дар воқеъ ному насаби дӯстатон?
– Ӯ гуноҳе надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор