Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман дӯсти Салим, аминам ки Салимро мешиносед?
– Ҳа, албатта. Марҳамат гузаред.
– Ба фикрам, маро ҳам мешиносед?
– Чеҳраатон шиносу вале дар куҷо шуморо дидаам ба ёд оварда наметавонам, – гуфт ӯ. Вале маълум буд, ки дурӯғ мегӯяд.
– Маро дар як қаҳвахонае дида будед. Дурустараш ман дар он ҷо будам, ки шумо омадед ва пӯшт ба тарафи ман нишастед.
– Дӯстони Салим ҳам дӯстони мананд, марҳамат гузаред.
– Ман мехостам дар бораи Салим бо шумо суҳбат намоям.
– Он кас дар ин ҷо зиндагӣ намекунанд, худам ҳам ду рӯз боз вайро надидаам.
– Шумо танҳоед?
– Ҳа, танҳо чӣ буд?
– Салимро боздошт намудаанд.
– Барои кадом гуноҳаш.
– Ӯ дар интиқоли маводи мухаддир даст доштааст.
– Чӣ хел маводи мухаддир? Шумо чиҳо мегӯед?
– Он чӣ ки шунидаед.
– Аз ман чӣ мехоҳед?
– Мехостам ҳамроҳи ман равед.
– Ба куҷо?
– Ба милиса.
– Акнун ба ёд овардаам, ки Салим дар қаҳвахонаи гуфтагиатон ба шумо бо унвони ҳарбиатон муроҷиат намуда буд.
– Майори милиса Абдумаҷидов,– гӯён ман шаҳодатномаи хизматиамро ба пеши чашмони мусоҳибам наздиктар бурдам.
– Бовар мекунам, вале ман ба милиса намеравам.
– Чаро?
– Шумо бояд фаҳмед, ки муносибати ману Салим муносибати дӯстона буд, дурустараш мо нияти издивоҷ намудан доштем. Ман аз куҷо медонистам, ки Салим ба чӣ кору бор машғул аст, ё гапам нодуруст?
– Не, дуруст.

пешина
аз 515
навбатӣ