Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар суҳбати на чандон тулонӣ банда ҳамин қадарро фаҳмидам, ки агар ба Мунфиза кулух партоӣ ҷавобашро бо санг хоҳӣ гирифт ва хело хуб шуд, ки ҳамин масъаларо муфаттиши прокуратура ҳам дарк намуд. Бо ин амали худ мо Мунфиза Шокирро дар зери ҳуҷуми психологӣ монондем, ки моҳияти он аз ҳуҷуми аслӣ кам нест. Дар як шабонарӯз дар байни чор девори бетонӣ танҳо нишастан кори осон набуд ва ҳамаи инро мо хуб медонистем.
Вақте ки банда пой бар остонаи хона гузоштам гумон намудам, ки ҳама хоби мастанд, вале дар асл ин хел набуд.
Наталя Василевна ҳамроҳи Далер сари кадом мавзӯе баҳсу мунозира дошт. Абдумаҷид бошад саргарми бозиҳои худ буд. Аз чеҳраи Абдумаҷид ҳувайдо буд, ки аҳволаш хело беҳтар шудааст. Фикри бандаро ҳамсарам ва Далер ҳам тасдиқ намуда гуфтанд, ки ним соат пештар Абдумаҷид аз хоб бедор шуд ва акнун модару писар чун мухлиси футбол саргарми тамошои бозиҳои ӯянд...
Баробари дидани ман Абдумаҷид бозии худ ва тамошои мухлисонашро ба гӯшаи фаромушӣ дода дадаҷон гӯён дастони кӯчакашро ба сӯям дароз кард. Ман ӯро аз замин бардоштам ва аз забони худи вай Далер ва модарашро сарзаниш намудам.
Абдумаҷид табассуме намуд. Ҳамин як табассуми зебои ӯ басанда буд, ки ман тамоми хастагии худро фаромӯш созам...
Абдумаҷид ниҳоят бачаи пурдард аст ва ҳар як табассумаш чун адреналин фишори пасти хуни бандаро муътадил месозад. Чун ҳамсарам фаҳмид, ки банда баъди нисфирӯзӣ луқмаи ноне ба даҳон набурдаам мо се мардро танҳо монда, ба ошхона рафт…
Сари субҳ ман ба дари ҳуҷраи хонуми ҳиҷобпӯш ангушт задам. Дарро ба рӯям ҳамон духтараке кушод, ки замоне бо нигоҳи тамасхуромезаш қалби бандаро шикофта буд. Ӯ баробари дидани банда хост дарро ба рӯям пӯшад, вале ман ҳам ки омодаи чунин амал будам поямро байни дар гузоштам ва ӯро ба қафо тела дода, худ вориди он манзил шудам.
– Ба шумо кӣ даркор?– бо овози ларзон бигуфт ӯ.

пешина
аз 515
навбатӣ