Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мақсадро дар амалҳои Сабзина ҷӯстан хатост, вале ӯ бояд фаҳмад, ки бе далелҳои шайъӣ Мунфиза Шокир ҳаргиз гуноҳро ба душ нахоҳад гирифт ва ин амали худро аҷаб нест чунин шарҳу эзоҳ ҳам диҳад:
– Ба кадом хотир ман қасд ба ҷони нафаре менамудам?
– Гумон доред, ки баъди дидани он акс ӯ дар зери нойи мо рақс хоҳад кард?
– Аминам.
– Чӣ илоҷ банда худи ҳозир Сабзинаи Дониёрро ба ҳузур хоҳам пазируфт,– гӯён Фурӯғи Шариф гӯшакро бардошта, ба милиса занг зада амр дод, ки боздоштшуда Сабзинаи Дониёрро ба дафтари кории вай ҳозир намоянд...

... 39 ...

Суҳбати дуюм мо бо Мунфиза Шокир баъди рассо як шабонарӯз дар дафтари кории Фурӯғи Шариф сурат гирифт.
Баъди вохӯрии иловагии бо Сабзинаи Дониёр мо маълумоте дар бораи аксҳое, ки метавонистанд чун шоҳиди безабон Мунфиза Шокирро ба таслимшавӣ маҷбур намоянд гирифта натавонистем, вале Сабзина кафолат ҳам надод, ки Сайфуллои Ниёз ҳамаи он расмҳои ба объектив афтидаро пурра ба ӯ баргардонида бошад.
Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду рассо соати бисту яки шаби гузашта мо боз донишҷӯйи ихтироъкорро ба ҳузур пазируфтем ва баъди ду соати суҳбати якҷоя ӯ худ ба санади таслимшавӣ (капитулятсия) имзо гузошт.
– Ҳамаи он нусхаҳо дар сейф ва сейф дар зери харитаи сиёсии ҷаҳон аст,– гуфт гумонбаршуда, ки ба ҷуз шантаж дар интиқоли маводи мухаддир ҳам гумонбар дониста мешуд.
Чун хонаи гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо дар зери назорати кормандони милиса буд, мо аз рӯйи нишондоди Сабзинаи Дониёр суроғаи кунунии хонуми нимусулмонро навишта гирифта, гумонбаршударо ба ИВС фиристода, худамон ба хона рафтем. Дар дигар ҳолат мешуд, албатта, мо то субҳ бо боздоштшудагон сару кор мекардем, вале бо дасти холӣ бо Мунфиза Шокир сухан гуфтан ин баробари ба шикасти худ имзо гузоштан буд.

пешина
аз 515
навбатӣ