Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Мо ба ҷуз ақибнишини чорае надоштем, вале итминон доштем ин ақибнишинӣ муваққатист.
Ҳарчанд ба анҷоми неки ин амали худ чандон боварӣ надоштем, вале муфаттиш таваккалро пешаи кори худ қарор дода, дар асоси ваколатҳояш Мунфиза Шокирро (абонентро чунин ному насаб буд) боздошт намуд.
Баъди гусели Мунфиза Шокир ба ИВС муфаттиш бандаро бори дигар ҳушдор сохт, ки баҳри ҳуҷум истеҳкоми мустаҳкамеро бояд поягузорӣ кунем. Чунин истеҳкомро бо суханони хушку холӣ тарҳрезӣ намудан ғайриимкон буд. Ҳатто нишондоди Сабзинаи Дониёр, ки метавонист ҷавонзани роҳгумзадаро шиносад, бе далелҳои аниқ қиммате надошт.
Чун аз таҷрибаи корӣ каму беш баҳра гирифта будем, ҳамаи пасту баландиҳои гурӯҳи ба шантаж даст задаро бори дигар дар мизони ақл баркашидем. Шантаж аслан калимаи экспансияшудаест, ки мо онро қабул намудаем, ҳол он ки дар забони худи мо калимаи мазкурро чанд маъниест. Аз ҷумла найранг, таҳдид ва ғайраву ваҳоказо...
Найранг ин як намуди чашмбандист, ки он ба қувваю қобилияти худи найрангбоз вобастагии зич дорад.
Чун Сабзинаву дӯстонаш тариқи ин «бозӣ» борҳо ком ширин намуда буданд, баъди мусоҳибаву муноқишаи зиёде бо муфаттиш мо ба хулосае омадем, ки ҳаргиз найрангбоз сирри худро ба охир ифшо нахоҳад кард.
– Яъне шумо бар он андешаед, ки Сабзинаи Дониёр барои рӯзи мабодо боз аксеро аз корнамоиҳои Мунфиза Шокир дар бойгониаш пинҳон намудааст? – пурсид муфаттиш.
– Бояд ҳамин хел бошад.
– Чӣ тавр мо метавонем инро собит намоем?
– Мо бояд ӯро бовар кунонида тавонем, ки бе он аксҳо нишондодаш нисбати нафаре ки қасд ба ҷонаш намуда будааст, қиммате надоранд. Ин маънии онро дорад, ки ӯ худ дар куштори Беназир даст дорад. Ба таври дигар гӯем ӯ худ супоришдиҳанда дар ин амал аст.
– Мақсад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор