Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Не, ман худам боре дар хонаи Сулҳия суҳбати Корвону Аликро шунидам.
– Ман аз ҷузвдони чарминам, ки ҳамеша бо худ мегирам чанд расмеро бароварда назди гумонбаршуда гузошта будам ва дубора аз сабти овоз ҷавоби ӯро гӯш намудам.
– Ин расми Беназиру раис.
– Инаш чӣ?
– Дар ин акс Корвон ҳамроҳи Алик ва Салим.
– Шахсе, ки ӯро шумо чун соя пиндоштед ва Беназирро ба чанголаш фиристодед чӣ шаклу шамоиле дошт.
– Ман дуруст ба вай нигоҳ карда натавонистам. Вале ба гумонам ӯ марди то сисолаи баландқад буд. Дар танаш боронии чармини сиёҳи дароз дошт. Чун комиссарҳое, ки дар филмҳо намоиш медиҳанд...
... 38 ...
Дар муайян намудани ному насаби абоненти рақами 919
61 84 8... мушклие пеш наомад, вале...
Мо худ ба эҳсосот дода шуда, қувваю қобиляти рақибро дуруст ба инобат нагирифтем.
Дар каломи мардони хирад омода аст, ки «битарс аз оне ки ӯ натарсал аз Худо»...
Не, ҳангоми суҳбат бо абоненти ширкати «Билайн» мо ҳамин ҳолатро ба инобат нагирифтем, ҳарчанд медонистем, ки аксҳо бо негативаш баъди гирифтани мабалғи дархостшуда ба худи ҳамон ахлотқуттӣ гузошта шудаанд. Шояд сабаби яку якбора ҳадафи тир қарор нагирифтани Сабзинаи Дониёр низ дар ҳамин бошад. Яъне киллер ӯро аз мадди назар дур накарда, амри навбатии супоришдиҳандаро интизор шудааст. Дар ин муддат супоришдиҳанда аксҳо ва негативи корнамоиҳояшро аз ахлотқуттӣ гирифта, чун боварӣ ҳосил намудааст, ки дигар ба ӯ хатаре таъкид намекунад, баҳри аз байн бардоштани вай супориш додааст.
Маҳз ҳамин ҳолатро абоненти рақами 919 61 84 8... ба инобат гирифта, моро муттаҳам намудан хост, ки гӯё туҳматро дар ҳаққи вай раво дидаем. Рафтори ӯ мақоли «дӯзди зӯр соҳиби говро бастаст» – ро ба ёд меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор